Роҳбари давлатамон таъмини ҳаёти тинҷ ва осоишта, беҳдошти куллии сохтори мубориза бар зидди ҷинояткориро ба дараҷаи яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат бардошт. Самараи ин ислоҳотҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба риояи бечунучарои талаботи қонун, пешгирии иллатҳое чун ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ бевосита вобаста мебошанд.
Мо дар зиммаи идораҳои ҳуқуқу тартибот будани масъулияти калонро барои таъмини натиҷадории ислоҳотҳо, ҳаёти осуда гузарондани одамон амиқ ҳис мекунем, албатта.
Идораҳои прокуратура дар ин самт фаъолияти назоратие амалӣ мекунад, ки он на танҳо барои бартараф намудани қонуншиканӣ, балки пешгирии онҳо, такмили фаъолияти органҳои давлатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ низ хизмат мекунанд.
Корҳое, ки шуъбаи назорати иҷрои қонунмандӣ дар соҳаи иҷтимоӣ дар панҷ моҳи соли 2026 амалӣ кард, нишон дод, ки дар ин самт муносибати сохторӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин давр аз рӯи соҳаҳои мухталиф ба Сарпрокуратура 34 ахбори таҳлилӣ фиристода шуд ва баҳои мусбӣ гирифтани 21-тои онҳо аҳамияти амалии натиҷаҳои муваффақшударо нишон медиҳанд.
Баъзе таҳлилҳо ба дараҷаи раҳбарияти мамлакат баррасӣ гардид. Ба Администратсияи Президент ва Девони Вазирон фиристода шудани онҳо долзарбиашонро тасдиқ мекунад.
Корҳое, ки барои дар соҳаи иҷтимоӣ роҷеъ ба таъмини иҷрои қонунмандӣ амалӣ гардидаанд, ба ҳаёти рӯзмарраи аҳолӣ бевосита таъсир кард. Чораҳое, ки барои беҳдошти вазъи хобгоҳҳои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ амалӣ карда шуданд, мисоли барҷастаи ин мебошад. То ҳол 28 хобгоҳи дар вилояти мо воқеъ бударо таъмир намуда, садҳо техникаҳои маишӣ ва ҷиҳозҳо хариданд. Ҷиҳозҳоро иваз намуда, инвентарҳои варзишӣ гирифта доданд, фаъолияти ошхона, китобхона, сартарошхона ва хонаҳои дӯзандагӣ роҳандозӣ карда шуданд.
Яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи мазкур ихтисори омилҳои коррупсионӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ аввалин шуда бо планшет таъмин кардани нозирони инспексияи давлатии меҳнат ва роҳандозии дар шакли электронӣ расмигардонии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои таъмини шаффофӣ хизмат кард. Бори дигар исбот шуд, ки рақамигардонӣ барои таъмини ҷараёни кушодаи қабули қарорҳо воситаи муҳим мебошад.
Масъалаи дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки ногироӣ доранд, ҳамеша дар маркази эътибори доимии мо аст. Бар асоси таҳлилҳои тоифаи мазкур, ба 314 нафар касбу ҳунар омӯзонданд, 347 нафари онҳо бо кор таъмин карда шуданд. Инчунин, 659 нафар шахси ногироидошта бо воситаҳои техникии офиятӣ (реабилитатсия), 244 нафар бо таҷҳизоти протез-ортопедӣ таъмин гардиданд. Ин корҳо на танҳо барои пурзӯр намудани ҳимояи иҷтимоӣ, балки бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тоифаи мазкур дар ҳаёти ҷамъиятӣ хизмат мекунанд.
Корҳои рақамигардонӣ низ, ки дар сохтори ҳифзи саломатӣ амалӣ карда мешаванд, самараи худро медиҳанд. Аз ҷумла, ҳаҷми хизматҳои музднок дар муассисаҳои тиббӣ дар як сол 20,5 дарсад афзуда, ба 97,7 миллиард сӯм расид. Ин аввало, аз шаффофии хизматҳо, такмили сохтори ҳисобу китоб ва мустаҳкам шудани интизоми молиявӣ далолат медиҳад.
Масъалаи ҷавонон яке аз самтҳои устувор аст, ки дар назорати прокуратура мебошад. Дар натиҷаи чорабиниҳои профилактикии мухталиф, чораҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ 4341 нафар ҷавонони ба тоифаи вазнин дохилнамударо ба ҳаёти солим баргардонидан сармояи муҳимест, ки ба ояндаи ҷамъият нигаронида шудааст. Рақамҳои соҳаи таъмини устувории қонун низ назаррас мебошанд. Дар даври гузашта, наздик ба 600 чорабинии назоратӣ гузаронда шуданд. 2481 протест ва 1169 тақдимнома фиристода шуданд. Дар натиҷа, ҳазорҳо шахсони мансабдорро ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашиданд ва садҳо масъулонро расман огоҳ карданд. Аз ҳама муҳим, ҳуқуқи вайроншудаи беш аз 13 ҳазор шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро барқарор карда, инчунин зарари миллиардҳо сӯмина баргардонда, аз рӯи қонуншиканиҳои дағалона 265 парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки назорати прокуратура танҳо додани ҷазо нест, балки ба барқарор намудани ҳуқуқҳо низ нигаронда шудааст.
Дар ин самт барои идораҳои давлатӣ «Харитаи роҳ»-и махсус қабул карда, штабе ташкил намуданд, ки хавфҳои коррупсиониро таҳлил мекунад. Амалиёти ҳар моҳ дар соҳаи муайян баррасии танқидии ҳолати коррупсионӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар натиҷаи ин корҳо ба садҳо нафар ходимон чораҳои интизомӣ диданд, ротатсия амалӣ гардид ва бо баъзе ходимон, ки ба вайрон кардани қонунҳо роҳ гузоштаанд, шартномаи меҳнатиро бекор намуданд.
Аз ҳама муҳим, мубориза бо коррупсия бо додани ҷазо маҳдуд намешавад. Ба профилактика аҳамияти устувор дода шуд. Бар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ходимони идораҳои прокуратура, суд, корҳои дохилӣ ва адлия ба мактабҳо вобаста карда шуданд. Дар доираи «Соатҳои оянда» ба донишомӯзон дарсҳои ҳалолӣ, ватанпарварӣ ва ҳурмат ба қонун гузашта мешавад. Баробари ҳамин, барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва хизматчиёни давлатӣ бар асоси дастурамалҳои махсуси таълимӣ роҷеъ ба мубориза бо коррупсия машғулотҳо ташкил гардиданд.
Дар академияи виртуалӣ такмили ихтисос кардани ҳафт ҳазор нафар хизматчии давлат барои мустаҳкам намудани дониш ва таҷриба дар ин самт хизмат мекунад.
Ба воситаи рақамисозӣ амалӣ кардани чораҳои кам шудани хавфи коррупсия самараи хуб дод. Дар нақлиёти ҷамоатӣ, автоистгоҳҳо, майдонҳои ҷарима ва бозорҳо ба шакли бенақд гузарондани пардохтҳо омили инсонро якбора кам карда, барои таъмини шаффофии молиявӣ хизмат мекунад.
Корҳо дар соҳаи ихтисори камбизоатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ лоиқи эътибор аст. Шахсони ногироидошта, ки дар хона-интернатҳои «Мурувват» ва марказҳои «дастгирии иҷтимоӣ» зиндагӣ мекунанд, аз муоинаи тиббӣ гузаронда, дидани иҷрои амалиётҳои ҷарроҳии зарур, таъмин бо воситаҳои реабилитатсия ва ускунаҳои замонавии табобатӣ дида шуданд. Ташкили майдончаҳои махсуси варзишӣ бошад, барои зиёд шудани фаъолии ҷисмонии онҳо хизмат мерасонанд.
Ҷиҳати эътиборнокиаш дар он аст, ки дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои пайваста дар сохтор дараҷаи камбизоатӣ дар вилоят дар як сол аз 7,5 дарсад то ба 3,5 фоиз паст шуд.
Дар паси ин рақам беҳдошти дараҷаи зиндагии ҳазорон оила, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва афзудани самаранокии механизмҳои ҳимояи иҷтимоӣ муҷассам аст.
Хулоса, карда гӯем, иҷрои қонунмандиро дар соҳаи иҷтимоӣ, имрӯз назорат кардани идораҳои прокуратура на танҳо ба муайян намудани қонуншиканӣ, балки ба такмили идораи давлат, пешгирии коррупсия, васеъ кардани рақамисозӣ ва механизми муҳими таъмини манфиатҳои инсон табдил меёбад. Натиҷаҳои муваффақшуда боз як исботи амалии мустаҳкам шудани барқарории иҷтимоӣ ва баланд шудани фаровонии аҳолӣ аст.
Муродқосим ЭШНАЗАРОВ,
прокурори вилоят
