Чанд сол пеш картаи тиббии бемор аз байни коғазҳои дар раф истода ҷустуҷӯ карда мешуд, имрӯз тамоми маълумоти зарурӣ бо пахши чанд тугма дар дасти шифокор қарор мегирад. Ин тағйирот натиҷаи ҷараёни рақамисозии соҳаи тандурустӣ аст, ки дар мамлакатамон бо суръати баланд татбиқ мегардад. Пас, рақамисозӣ ба соҳаи тиб чӣ медиҳад ва то кадом дараҷа метавонад сифати хизматрасониро беҳтар намояд?
Имрӯзҳо технологияи рақамӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил меёбад. Аз соҳаи иқтисод то соҳаи таълим ва аз хизматрасониҳои давлатӣ то тандурустӣ — ҳама соҳаҳо ба рақамисозӣ мегузаранд. Дар ин ҷараён рақамисозии соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими ислоҳот ба шумор меравад, зеро сухан дар бораи ҳифзи арзишмандтарин неъмати инсон — саломатӣ аст. Филиали Маркази тандурустии рақамии вилоят дар вақти воқеӣ фаъолияти муассисаҳои тиббиро аз рӯи нақша назорат намуда, истифодаи системаҳои иттилоотӣ, қабули беморон, додани дорухатҳои электронӣ ва дигар нишондиҳандаҳои муҳимро таҳти мониторинги доимӣ мегирад.
Аз ҳуҷҷати коғазӣ то маълумоти рақамӣ
То солҳои наздик қисми зиёди маълумотҳои тиббӣ дар шакли коғазӣ нигоҳ дошта мешуданд. Ҷустуҷӯи маълумот, омода кардани ҳисоботҳо ва ёфтани таърихи бемории шаҳрвандон вақт ва меҳнати зиёдро талаб мекард. Дар баъзе ҳолатҳо гум шудани ҳуҷҷатҳо ё нопурра будани маълумот низ ба назар мерасиданд.
Баробари ривоҷ ёфтани технологияҳои иттиллоотӣ зарурати ташкили фазои ягонаи рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ ба миён омад. Дар ин самт яке аз қадамҳои муҳим роҳандозии системаи DMED мебошад.
Имрӯзҳо ҳамаи муассисаҳои давлатии тандурустии вилоят, аз ҷумла марказҳои ихтисосонидашудаи тиббӣ, шифохонаҳои оилавӣ, инчунин клиника ва дорухонаҳои хусусӣ ба ин система пайваст шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки маълумот дар пойгоҳи ягона ҷамъоварӣ гардида, фаъолияти муассисаҳои тиббӣ самараноктар идора карда шаванд.
DMED чӣ имконият медиҳад?
Мувофиқи маълумоти мутахассисон яке аз бартариҳои асосии DMED ташкили корти ягонаи электронии бемор мебошад. Дар он тамоми маълумотҳои тиббӣ — аз таърихи беморӣ то натиҷаҳои ташхису таҳлилҳо ва тавсияҳои табибон нигоҳ дошта мешаванд.
Барои шифокорон:
— кам шудани ҳуҷҷатҳои коғазӣ;
— тез ба даст овардани маълумот дар бораи бемор;
— сарфаи вақт ҳангоми қабул.
Барои бемор:
— кам шудани вақти интизорӣ;
— гирифтани хизматрасонии тиббӣ дар вақти мусоид;
— истифодаи дорухатҳои электронӣ;
— ҳифзи бовариноки маълумоти шахсӣ;
— шаффофияти ҷараёни муолиҷа ва ғайра.
— Мақсади асосии мо танҳо иваз кардани ҳуҷҷатҳои коғазӣ ба шакли электронӣ не. Кӯшиш дорем муҳити ягонаи рақамиро ташаккул диҳем, ки дар он шифокор, бемор ва муассисаи тиббӣ маълумоти заруриро зуд ва бехатар дастрас кунад, — гуфт роҳбари филиали Маркази рақамии тандурустии вилоят Шоҳрӯз Каримов. — Имрӯз тамоми муассисаҳои давлатии тиббӣ, клиникаҳои хусусӣ ва дорухонаҳои вилоят ба низоми DMED пайваст шудаанд. Рақамисозӣ танҳо воситаи замонавигардонии соҳа нест. Он, инчунин ба таъмини шаффофият ва назорати ҳам барои бемор ва ҳам барои шифокор фоиданок хизмат мекунад.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҷараёни рақамисозӣ ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст. Баланд бардоштани дониши рақамии кормандони тиб, таъмини интернети босифат ва ҳифзи бехатарии маълумот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа боқӣ мемонанд.
