Ovozi.uz

Ташаккули фарҳанги мутолиа — вазифаи ҷомеа

Аз қадимулайём китобхонӣ ва ба даст овардани донишро фазилат медонанд. 80–100 сол пеш ҳама ташнаи илму дониш буданд. Онҳое, ки бисёр китоб мехонданд, дар байни мардум обрӯву нуфузи баланд доштанд. Пас, чаро ворисони мардуми китобдӯсту китобхон имрӯз қариб, ки китоб намехонанд?

Бо вуҷуди ба амал татбиқ намудани бисёр лоиҳаҳо ва таблиғи китобхонӣ дар байни ҷавонон яке аз сабабҳои асосии ин муаммо ниҳоят кам будани волидони китобхон аст. Аз ин рӯ, сатҳи маърифати бисёре аз волидон низ хеле паст аст. Агар вазифаи асосии ташаккули одати китобхонии кӯдак бар дӯши волидоне, китоб намехонанд бошад, чӣ гуна метавонанд ин вазифаро дуруст иҷро кунанд?

Ҳангоми ташаккули китобхонӣ ва тарбия падару модар бояд омилҳои дар кӯдакон бедор кардани хоҳиши китобхонӣ, вақти хониш ва сатҳи маънавии кӯдакро ба назар гиранд. Инчунин, назорат ва кӯдакро рӯҳбаланд намоянд.

Ягона роҳи ҳалли ин мушкили иҷтимоӣ ҳамин, ки волидон ба онҳо кумак кунанд. Дар мактаб, муаллимон ва дар хона волидон бояд дар кӯдак одати хондани китобро ташаккул диҳанд. Дар ин ҳолат, интихоби китобҳо аз содда ба мураккаб, яъне мураккаби муқаррарӣ, ки ба сатҳи камолоти кӯдак мувофиқ мебошад, муфид аст. Тибқи таҷрибаи мутафаккирони Шарқ, аввал бояд китоберо пешниҳод кард, ки хонандаро ба худ ҷалб кунад ва пас аз одати хонданро пайдо намудани ӯ, тадриҷан ба мутолиаи китобҳои махсусгардонида гузашт. Барои ин, ҷомеа ва муҳити он бояд ба хониш майл дошта бошад.

Барои таблиғи хониш, муаллимон бояд рӯйхати асарҳоеро, ки ба синну соли кӯдакон дар ҳар синф мувофиқанд, тартиб диҳанд ва ба волидон пешниҳод кунанд.

Инчунин, сафи китобхононро бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар бораи китобхонаҳо, ташкили чорабиниҳо бо ҳамкории онҳо ва ҳавасмандгардонии хонандагоне, ки пайваста мехонанду дар чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд, зарур аст. Аҳамияти таблиғи васеи асарҳои тоза ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои оммавӣ гардонидани китобхонӣ калон аст.

Имрӯзҳо одамон, бахусус ҷавонон, қисми зиёди вақти худро бо телефон, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Видеоҳои кӯтоҳ, барномаҳои гуногуни фароғатӣ ва бозиҳо зуд таваҷҷуҳи одамонро ҷалб мекунанд. Дар натиҷа, ҳам вақт ва ҳам шавқ ба хондани китоб коҳиш меёбад.

Барои хондани китоб сабр, диққат ва тафаккури амиқ лозим аст. Маълумоти босуръат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба одамон меомӯзонад, ки маълумоти сабук ва мухтасарро хонанд. Ин вазъият инчунин ба қобилиятҳои таҳлилии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳоло ташкили маҳфилҳои китобхонӣ барои кӯдакон, муҳокимаҳои асарҳои мутолиа карда, озмунҳои ҷоизадор, толорҳои китобхонии бароҳат дар тобистону зимистон, таҳия ва татбиқи механизмҳои иҷораи китобҳо, қарз додан ё пардохти пули онҳо ва таъсиси филиалҳо барои фармоиши китобҳои зарурӣ дар ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст имконпазир аст. Инчунин, агар шумо фикр кунед ва мулоҳиза ронед, ҳазорҳо роҳҳои ҳалли мусбати мушкилотро хоҳед ёфт. Азбаски мақсад ба даст овардани муҳаббати оммавии китоб дар байни кӯдакон аст, бояд дар ин самт аз тамоми имкониятҳо истифода ва роҳҳои афзоиши дастрасии китобҳоро пайдо кунем. Мутахассисони китобхонаи кӯдакон дар доираи лоиҳаҳо ба монанди «Китобхонаи сайёр», чорабиниҳоеро чун «Китобхонии яксоата дар оила», «Ман хондани китобро дӯст медорам», «Ман ба фарзандам китоб туҳфа мекунам», «Мо бо аҳли хонавода китоб мехонем» ташкил кардаанд. Дар доираи ин маъракаҳо зарур аст, ки дар оила муҳити маънавӣ фароҳам оварда шавад, ҳар як аъзои оила соҳиби тафаккури васеъ ва камолоти ҳамаҷониба тарбия карда шавад.

Хулоса, мутолиа яке аз пояҳои муҳими маънавият ва рушди миллат аст. Шахсе, ки китоб мехонад, тафаккури амиқтар, ҷаҳонбинии васеътар ва маънавияти баландтаре хоҳад дошт. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги мутолиа на танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ, балки тамоми ҷомеа аст.

Шарофат ХУҶАНОВА,
мудири шуъбаи услубии китобхонаи бачагонаи вилоят