Ovozi.uz

Cессияи ғайринавбатии сию сеюми Шӯрои вилоятии намояндагони халқ баргузор мегардад

Дар он ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, вазири варзиш Адҳам Икромов, депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят, инчунин роҳбарони садорат ва идораҳои дахлдор иштирок доранд.

Дар рӯзномаи сессия масъалаҳои:

— таъмини иҷрои супоришҳои додашуда, ки дар ҷамъомади видеоселекторӣ дар бораи ба марҳилаи нави рушд баровардани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки 7-уми апрели соли 2026 таҳти раёсати Президент баргузор гардида буд;

— тасдиқи барномаи мақсадноки таъмини лоиҳаҳои саноатии вилояти Самарқанд бо инфрасохтори зарурӣ, сохтмони иншооти соҳаи иҷтимоӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгард, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва партов, таъмини барқ, инчунин сохтмон ва таъмири шабакаҳои ирригатсия ва дренаж, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои хизматрасонӣ ва навсозӣ;

— додани иҷозат барои гирифтани қитъаҳои замин бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ мегарданд.