Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва нишони сарисинагии «Соҳибкори фаъол» ба соҳибкороне баргузор гардид, ки мувофиқи Фармон ва Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 13-уми августи соли ҷорӣ қабул шуданд.
Ҳокими вилоят А. Бобоев соҳибкорони фаъолеро, ки меҳнати пурмашаққаташон мавриди эътироф қарор гирифтааст, табрик намуда, таъкид кард, ки онҳо дар рушди минбаъдаи Самарқанд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда доранд.
— Имрӯз нақши субъектҳои соҳибкорӣ дар таъмини суръати устувори рушди иқтисодиёти вилоятамон хеле бузург аст, — гуфт А. Бобоев. — Масалан, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 59,1 триллион сӯм расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз афзоиш ёфт. Қисми назарраси ин дастовард ба ҳиссаи соҳибкорони фаъолу ташаббускори мо рост меояд.
Хусусан, имрӯз соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, металлургия, электротехника ва мошинсозӣ ба нуқтаҳои нави рушди саноати вилоят табдил ёфтаанд. Танҳо дар корхонаи «Азия металл проф»-и шаҳри Самарқанд дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи қариб 4 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол шуда, нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш ба даст омадааст. Аз ҳамин ҷиҳат, бесабаб нест, ки роҳбари корхона Одил Болтаев бо унвони фахрии «Соҳибкори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сарфароз гардид. Чаҳор нафар соҳибкори дигари мо, ки ба мукофотҳои давлатӣ сазовор шудаанд, инчунин 7 нафар соҳибкоре, ки бо нишони сарисинагии «Соҳибкори фаъол» қадрдонӣ гардидаанд, низ мояи ифтихори вилоятамон мебошанд. Бигзор ин мукофотҳо ба ҳамаи онҳо муборак бошанд!
Дар маросим А. Бобоев мукофотҳоро дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон тақдим намуд.
— Мактаби мо, ки соли 2017 таъсис ёфтааст, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон ихтисос дорад, — гуфт директори муассисаи таълимии ғайридавлатии «Макони инноватсионӣ»-и шаҳри Самарқанд, дорандаи медали «Келаҷак бунёдкори» Муҳаммадхон Солиев. — То имрӯз дар муассисаи мо қариб 5 ҳазор нафар ҷавонон таҳсил кардаанд ва беш аз 1500 нафари онҳо соҳиби шаҳодатномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба донистани забонҳои хориҷӣ шудаанд.
Дар миёни онҳо шогирдоне ҳастанд, ки ҳоло дар ИМА, Британияи Кабир, Франсия, Германия ва тақрибан 20 кишвари дигари ҷаҳон таҳсил мекунанд. Аз он хеле хушҳолам, ки дар арафаи Рӯзи соҳибкорон фаъолияти мо баҳои баланд гирифта, ба гирифтани мукофоти давлатӣ ноил гардидам.
Соҳибкорон қадрдонӣ шуданд
