Ovozi.uz

Малинаи шифобахш

1. 100 грамми малина 42 килокалория дорад. Малина барои саломатӣ кони фоида аст.
2. Меваи тару тоза, хушк, барг ва мураббои он ҳамчун воситаи муассиртарин дар муолиҷаи бемориҳои зуком, шамолхӯрӣ истифода бурда мешаванд. 1-2 чой-қошуқ малинаи хушкро дар 1 стакон оби ҷӯш андозед ва баъди ягон дақиқа дар ҳолати гармиаш нӯшед. Ё мураббочойи онро нӯшида печида хоб кунед, шамолхӯрӣ осон мегузарад.
3. Ин буттамева инчунин дар табобати гастрит, камхунӣ, гипертония, бемориҳои дилу раг истифода бурда мешавад. Малинаро майда карда, аз дока гузаронед. Дар як рӯз 3 маротиба пеш аз хӯрок 50-100 мл. истеъмол кунед.
4. Барг ва гули онро барои табобати бемориҳои занона ба кор мебаранд. Гул ва барги хушкро дар 200 мл. об ҷӯшонида, 30 дақиқа гузоред. Баъд аз дока гузаронида нӯшед.
5. Агар аз дарди сари доимӣ шикоят кунед, малинаро дар об ҷӯшонида, дар як рӯз 1-1,5 литр шарбати тайёрро бинӯшед.