Ovozi.uz

Самарқанд — маркази сайёҳӣ

Шукронаи осоиштагӣ

Ҳар гоҳе ба шаҳру ноҳия, кӯчаву маҳаллаҳои дуру наздики вилояти Самарқанд сафари эҷодӣ мекунам, беихтиёр дил аз бунёдкорӣ, пешравӣ ва навоварӣ мамнун мешавам ва шукр мегӯям.
Боиси хушнудист, ки зимни сафарҳои Президенти муҳтарамамон ба вилояти Самарқанд даҳҳо иншооти гуногун ифтитоҳ ва лоиҳаҳои нав ба нав роҳандозӣ мегарданд.

Воқеан, тӯли 6–7 соли охир таҳти ташаббусу роҳнамоии Сарвари давлатамон мардуми вилоят дар арсаҳои гуногун ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Мо, калонсолон гувоҳ ҳастем, ки қаблан қабри мубораки султони илми ҳадис ҳазрати Имом Бухорӣ дар як ҳуҷраи хурди мақбара ҷойгир буд. Ин ҳолат ҳангоми ташрифи ҳайати вакилони бонуфузи олами ислом меҳмононро ба тааҷҷуб меовард. Маҷмааи Имом Бухорӣ дар давоми 7–8 сол пурра аз нав бунёд гардид. Дар ҷараёни корҳои бинокорӣ дар ин ҷо мақбараи бошукӯҳ, масҷиди ҷомеъ барои 10 ҳазор нафар намозхон, бинои маъмурият, осорхона, айвон ва манораҳои 75‑метра қад афрохтанд, ки ба зиёратгоҳ ҳашамату ҷамоли беназир мебахшанд. Ҳоло ҳар рӯз қариб 65 ҳазор нафар меҳмонон ба зиёрати маҷмаа меоянд. Дар давоми корҳои сохтмонӣ дар атрофи маҷмаа 20 меҳмонхонаи хушсохту замонавӣ, истгоҳи бузурги нақлиёт, 100 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ бунёд шуда, 48 километр роҳ мумфарш ва хатсайри электробус роҳандозӣ гардид.

Дар вилояти Самарқанд стратегияи рушди минтақавӣ таҳия карда шуд, ки зина ба зина амалӣ мегардад. Мувофиқи стратегияи рушди «Ӯзбекистон‑2030» дар вилояти Самарқанд ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудӣ ба 20,5 миллиард доллар, ба ҳар сари аҳолӣ 5,3 ҳазор доллар расондани маҳсулоти умумии ҳудудӣ муайян шудааст.

— Президентамон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққату эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид кардаанд, ки пас аз маркази сайёҳӣ эълон шудани Самарқанд мо бояд имкониятҳои хеле бузурги соҳаи сайёҳии худро ба ҷаҳониён боз ҳам бештару хубтар муаррифӣ намоем, — гуфт ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, — Дар баробари муаррифии таъриху фарҳанг, табиати нотакрори биҳиштосо, меваҳои шаҳдбор, хосатан ёдгориҳои меъморӣ, аз ҷабҳаҳои иқтисодии соҳа пурсамарона истифода намудан зарур аст.

Воқеан, сайёҳӣ яке аз сарчашмаҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад. Ба шумо як мисоли одии фоидаи иқтисодии сайёҳиро меоварам, ки дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6‑уми феврали соли 2024 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти минтақаи сайёҳию рекреатсионии «Оҳалик — Оқбурё — Миронқул» ҷараён гирифтааст. Дар ин маҳаллаҳои кӯҳсор оилаҳо меҳмонхонаҳои хурд ва ҳуҷраҳои қабули сайёҳонро бо услуби миллӣ оро дода, барои табиатдӯстон шароитҳои асосии зистро фароҳам овардаанд. Аввалҳо сайёҳон дар Самарқанд як-ду рӯз меҳмон шаванд, ҳоло онҳо бо ҳисоби миёна аз се то панҷ рӯз меҳмони самарқандиён мешаванд.

Бештари сайёҳон ҳангоми боз­диди Самарқанд масъалаи бо худ бурдани туҳфаро андеша мекунанд. Аз ин рӯ, дар вилоят истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ сол то сол меафзояд. Дар растаҳои назди ёдгориҳои меъморӣ ва зиёратгоҳҳо маҳсулоти ҳунармандӣ фурӯхта мешаванд. Мақсад ба меҳмонон маҳсулоти беҳтарини зардӯзӣ, кулолӣ, чиниворӣ ва ғайраро пешкаш кардан аст.
Бо як сухан, имрӯз Самарқанд намунаи равшани рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Ӯзбекистони Нав мебошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон