Пойгоҳи таҳлилии Brand Finance рейтинги навшудаи қимматтарин дастаҳои футболии ҷаҳонро нашр кард. Раддабандӣ барои соли 2026 тартиб дода шудааст.
“Реал Мадрид” бо арзиши баландтарини бренд дар ҷои аввал боқӣ мемонад, ки арзиши он 2,36 миллиард евроро ташкил медиҳад. “Барселона” дар ҷои дуюм (1,94 миллиард евро) мебошад. “Арсенал” дар ин рӯйхат (1,51 миллиард евро) зинаи сеюмро ишғол менамояд.
Бошгоҳҳои футболи гаронтарин аз рӯи арзиши бренд то соли 2026:
“Реал Мадрид” — 2.36 миллиард евро
“Барселона” — 1.94 миллиард евро
“Арсенал” — 1.51 миллиард евро
“Бавария Мюнхен” — 1.49 миллиард евро
“Пари Сен-Жермен” — 1.48 миллиард евро
“Манчестер Сити” — 1.46 миллиард евро
“Ливерпул” — 1.45 миллиард евро
“Манчестер Юнайтед” — 1.42 миллиард евро
“Челси” — 941 миллион евро
“Боруссия Дортмунд” — 654 миллион евро
