Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон Саад Ҳанӣ Ал-Қаддумӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ, ҳифзу нигоҳдории анъанаҳои миллии ҳунармандӣ ва тарғиби онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ба созиш расиданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити қулай барои фаъолияти ҳунармандон ва рушди минбаъдаи анъанаи аз насл ба насл меросмондаи «устод — шогирд» ҳамкориҳоро мустаҳкам намоянд.
Дар анҷоми мулоқот ба роҳбари вилоят сертификат дар бораи ба шаҳри Самарқанд дода шудани мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандон» супурда шуд.
Соҳиб гардидани шаҳр ба чунин мақоми байналмилалӣ барои рушди минбаъдаи анъанаҳои чандинасраи ҳунармандӣ дар минтақа, тарғиби намунаҳои санъати амалии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҳунармандон ва васеъ намудани ҳамкорӣ дар самтҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
