Тӯбе, ки бо он ситораи футболи Аргентина Диего Марадона голи маъруфу ҷанҷолбарангези “Дасти Худо”-ро дар Ҷоми ҷаҳони соли 1986 ба дарвозаи Англия зада буд, дар ауксион ба маблағи 3,35 миллион доллар фурӯхта шуд.
Ин тӯб дар ауксиони “Heritage Auctions”, ки дар шаҳри Далласи Америка аз 21 то 23-юми октябр баргузор шуд, ба фурӯш рафт. Хонаи ауксиони “Heritage Auctions” дар як номае бо имзои Алӣ бин Носир, довари бозии Аргентинаву Англия дар соли 1986 ва соҳиби тӯб, эътибор ва аслияти онро тасдиқ кард.
Ба иттилои расонаҳо, фурӯшандаҳо дар аввал умедвор буданд, ки ин тӯб бо нархи беш аз 10 миллион доллар ба фурӯш меравад.
Тӯби мазкур бори охир тақрибан чаҳор сол пеш ба ауксион гузошта шуда буд, вале пешниҳодҳо аз ҳадди ақали нархи матлуб камтар буданд ва он фурӯхта нашуд.
Бояд гуфт, дар марҳилаи якчаҳорум ниҳоии Ҷоми ҷаҳони соли 1986 Марадона голи аввали Аргентинаро бо даст вориди дарвозаи Англия кард. Он гол яке аз баҳсбарангезтарину маъруфтарин голҳо дар таърихи Ҷоми ҷаҳон мебошад. Дар он дидор Аргентина Англияро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва дар охир чемпиони ҷаҳон шуд. Вақте аз Марадона пурсиданд, ки оё голи аввалро бо даст задааст, ӯ ҷавоб дода буд, ки он “Дасти Худо” буд.
