Ovozi.uz

Пизишкиён: ИМА фикр кард, ки Эрон мисли Венесуэла шикастмехӯрад

Аммо ба гуфтаи президенти Эрон, ба далели устувории Ҷумҳурии Исломӣ ин интизорӣ амалӣ нашуд.

Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён изҳор дошт, ки ИМА ҳангоми оғоз кардани низоъ дар Ховари Миёна умед дошт, Эрон низ мисли Венесуэла ба зудӣ шикаст мехӯрад, аммо ба шарофати устувории Ҷумҳурии Исломӣ чунин нашуд.

«Рақиб гумон мекард, ки Эрон ҳам мисли Венесуэла суқут мекунад. Аммо чунин нашуд. Баръакс, Эрон ба қуввае табдил ёфт, ки тамоми ҷаҳон аз нерӯ, устуворӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии он дар ҳайрат монд», — гуфт ӯ.

Президенти Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунин таъкид кард, ки бо вуҷуди бар зидди Эрон ҷорӣ шудани «санксияҳои даҳшатноктарин», мардуми кишвар ба онҳо муқовимат хоҳанд кард.

Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп аз оғози «ҷанги иқтисодӣ ва танҳогузорӣ» бар зидди Эрон хабар дода буд. Раҳбари Америка инчунин ҳушдор дода буд, кишварҳое, ки муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳо, фурудгоҳҳо ё сохторҳои давлатии онҳо аз Теҳрон ҷонибдорӣ мекунанд, метавонанд аз ҷониби ИМА ба оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин бора сиёсати санксиявии ИМА нисбат ба Эронро «терроризми иқтисодӣ ва ҷиноят бар зидди инсоният» номид. Идораи сиёсати хориҷии Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки маъмурияти ИМА, таҳиягарони низоми санксияҳо ва шахсони масъули татбиқи онҳо бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.