Ovozi.uz

Гулкарам аз саратон пешгирӣ мекунад

«Гулкарам бо бисёр касалиҳо, махсусан бо бемориҳои занона фаъолона мубориза бурда, хатари гирифтор шудан ба саратонро пешгирӣ менамояд». Гулкарам ба оилаи сабзавоти салибгул шомил аст. Дар тадқиқоти илмӣ омадааст, ки ин гурӯҳи сабзавот бой аз моддаҳои ғизоӣ мебошанд, аз ҷумла якчанд каротиноидҳо (бета-каротин, лютеин, зеаксантин), витаминҳои C, E ва K, кислотаи фолий ва минералҳо.

Дар раванди пухтан, ҷаббидан ва ҳазми ғизо, глюкозинолатҳо ба моддаҳои фаъолонаи биологӣ табдил меёбанд, аз ҷумла: индолҳо, нитрилҳо, тиосионатҳо ва изотиосионатҳо. Ду моддаи машҳуртарине, ки бештар мавриди омӯзиш (бойгонӣ) қарор гирифтаанд – индол-3-карбинол (индол) ва сулфорафан (изотиосионат) мебошанд. Ҳамин моддаҳо барои хосиятҳои зиддисаратонӣ омӯхта шудаанд.

Олимон муносибати эҳтимолиро миёни истеъмоли сабзавоти салибгул, аз ҷумла гулкарам ва хатари рушди саратонро тадқиқ кардаанд. Шахсоне, ки бештар сабзавоти салибгул истеъмол мекарданд, хатари камтари гирифторӣ ба саратон доштанд.