Яке аз қадимтарин ва бузургтарин марказҳои тамаддуни башарӣ — Самарқанд бо таърихи ғанӣ, мероси бебаҳои худ дар рушди илму маърифат, фарҳанг ва маънавият дар тамоми ҷаҳон эътироф карда мешавад.
Ҳамзамон, Самарқанд аз қадим бо боғҳои зебо, гулгаштҳо, маҳаллаҳои обод ва мардуми меҳнатдӯсташ низ шуҳрат доштааст. Аз ин рӯ, ба як минтақаи боз ҳам обод, сабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ устувор табдил додани он, на танҳо вазифаи имрӯза, балки масъулияти муҳим дар назди наслҳои оянда низ мебошад.
Имрӯзҳо дар кишвари мо таҳти роҳбарии Президенти мамлакатамон ба ҳифзи муҳити зист, васеъ намудани минтақаҳои сабз, таъмини вазъи экологии устувор ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ, бахусус насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Вале барои татбиқи ин вазифаҳо танҳо дарахт шинонидан кофӣ нест. Аз ҳама муҳим — тарбия намудани инсоне мебошад, ки ҳифзи табиатро эҳтиёҷи ҳаётӣ ва қарзи шаҳрвандии худ медонад.
Зеро, агар инсон бо табиат дар ҳамоҳангӣ зиндагӣ кунад, ҳам табиат ҳифз мешавад, ҳам шаҳр обод мегардад ва ҳам Ватан рушд меёбад.
Бо ҳамин мақсад, пешниҳод мешавад, ки ду ташаббуси ба ҳамдигар пайваста: ташаббуси «Самарқандро гулпӯш мекунем! 1+10» ва ҳаракати гулпарварони ҷавон таҳти шиори «Бигзор ҳар як хонанда гули худро дошта бошад!» бар асоси таҷрибаи мусбате, ки дар вилояти Самарқанд тӯли солҳои зиёд ташаккул ёфтааст, боз ҳам васеътар роҳандозӣ карда шаванд.
Ғоя ва талаби одии ташаббуси «Самарқандро гулпӯш мекунем! 1+10» як бех гулро бо меҳру ғамхорӣ парвариш карда, дар давоми як сол шумораи онро ҳадди ақал ба 10 бех расонидан ва ниҳолҳои нави парваришшударо ба дигар дӯстдорони гул ҳамчун туҳфа тақдим намудан иборат аст.
Бо ҳамин роҳ, як бех гул ба даҳ бех, даҳ бех ба садҳо гули нав табдил ва занҷири зебоӣ, меҳрубонӣ ва саховат пайваста идома меёбанд.
Пас, «1+10» танҳо як рақам нест. Дар замири он ғояҳои неки меҳнатқаринӣ, офаридан, афзун намудан ва баҳраманд кардани дигарон аз самараи меҳнати худ таҷассум ёфтааст.
Ҳаракати «Бигзор ҳар як хонанда гули худро дошта бошад!» ба тарбияи меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба табиат, ҳисси масъулияти шахсӣ ва эҳсоси дахлдорӣ ба сарнавишти Ватани кӯдакон нигаронида шудааст.
Боғҳои ботаникӣ, гармхонаҳо, майдонҳои таҷрибавӣ ва машғулиятҳои амалӣ бошанд, ҳамчун заминаи таълимии амалии ҳамин низоми тарбиявӣ хизмат мекунанд.
Пас, дар маркази ин лоиҳа на танҳо гул, гармхона ва ҳатто, боғи ботаникӣ, балки инсон қарор дорад.
Зеро, агар инсон тарбия ёбад, ӯ табиатро ҳифз, сабзазорҳоро зиёд, меҳнатро қадр ва барои ободиву пешрафти Ватан аз сидқи дил хизмат мекунад.
Аз ин рӯ, ин ташаббусҳоро на ҳамчун як лоиҳаи одии экологӣ ё ободонӣ, балки ҳамчун низоми дарозмуддати маънавӣ-маърифатӣ ва тарбиявие, ки тавассути табиат ба тарбияи инсон нигаронида шудааст, қабул кардан мувофиқи мақсад мебошад.
Мақсади ин ташаббусҳо танҳо аз баргузор намудани як иқдоми навбатии ободонӣ иборат нест. Мақсади асосӣ — дар қалби насли ҷавон ҷой додани муҳаббат ба табиат, эҳтиром ба меҳнати ҳалол, ҳисси саховатмандӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан, инчунин роҳандозии як низоми пайвастаи тарбия мебошад. Ин ду ташаббус аз ҳам ҷудо нестанд, балки ду самти амалии бо ҳам алоқаманди як ғояи неку созанда мебошанд.
Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои мазкур бо лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз», ки бо роҳбарии Президентамон Шавкат Мирзиёев амалӣ мешавад, инчунин модели «Green Samarkand», ки барои ба намунаи «шаҳри сабз»-и аз ҷиҳати экологӣ барқарор, мутобиқи иқлим ва замонавӣ табдил додани Самарқанд пешбинӣ шудааст, ҳамоҳанг мебошад.
Ба ин маъно, ташаббусҳои «Самарқандро гулпӯш мекунем! 1+10» ва «Бигзор ҳар як хонанда гули худро дошта бошад!» метавонанд ҳамчун кӯшише, ки ба амалӣ намудани ин мақсадҳои бузург нигаронида шудааст, хидмат намоянд.
Боварӣ дорем, дар диёре, ки авлоди табиатдӯст, меҳнатқарин, босаховат, бомаърифат ва эҳсоскунандаи масъулияти шаҳрвандӣ тарбия меёбад, он боз ҳам сабзтару ободтар мегардад.
Муқимҷон ОРИФӢ,
роҳбари хона-музейи Ориф Гулханӣ
