Имрӯз дар мактабҳои таълими умумии вилоят ба муносибати оғози соли нави хониш маросимҳои «Занги аввал» таҳти шиори «Ягона Ватан, ягона оила шуда ба сӯи ҳаёт ва ояндаи нав!» баргузор гардиданд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Х.Тӯхтаев ва роҳбари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Рустам Юлдошев ба мактаби таълими умумии рақами 64-и шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ба хонандагони синфи якум тӯҳфаҳои президентиро супурданд.
Ин иқдоми нек боз як ифодаи эътибор ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас гардид.
Ба ҳамаи хонандагон дар соли нави таҳсил муваффақиятҳои бузург, саломатӣ ва дастовардҳои навро таманно дорем!
Хизмати матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд
