Ӯзбекистони зи ҷон ширинтарам,
Ӯзбекистони ҷавону дилбарам.
Мисли тифл Дӯст медорам туро,
Аз ту ояд бӯи шири модарам.
Ӯзбекистон яке аз кишварҳои қадима ва соҳибтамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин сарзамин бо таърихи бой, фарҳанги ғанӣ шаҳрҳои бостонӣ ва фарзандони бузурги худ дар таърихи тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи махсус дорад. Имрӯз бошад Ӯзбекистон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта симои он рӯз аз рӯз дигар мешавад.
Мафҳуми Ӯзбекистони Нав танҳо номи як давра нест, балки ифодакунандаи орзуҳо, умед ва талоши мардум барои сохтани ояндаи дурахшон мебошад. Ӯзбекистони Нав пеш аз ҳама кишварест, ки дар он инсон дониш ва зиндагии шоистаи ӯ дар маркази эътибор қарор дорад. Солҳои охир дар соҳаҳои таълим тандурустӣ, иқтисод, технология, фарҳанг ва дигар самтҳо тағйироти муҳим ба амал меоянд. Мақсади асосии ин дигаргуниҳо фароҳам овардани шароити беҳтар барои зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти шаҳрвандон мебошад. Яке аз самтҳои муҳимтарини Ӯзбекистони нав таълим ва дастгирии ҷавонон мебошад. Ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи ҳар як давлат ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ба таҳсил донишомӯзӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Имрӯз ҷавонон барои гирифтани маълумоти олӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ технологияҳои муосир ва касбҳои нав имкониятҳои бештар доранд. Ин ҳама барои он мусоидат мекунад, ки онҳо дар оянда мутахассисони соҳибмаърифат ва барои ҷомеа муфид гарданд.
Ӯзбекистони нав инчунин ба рушди илму технология ва навоварӣ рӯ меорад. Зеро, имрӯз рушди давлат бидуни истифодаи технологияҳои нав ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, омӯзиши технологияҳои нав, забонҳои хориҷӣ муҳим аст.
Дар баробари пешрафти иқтисодӣ ба ҳифзи фарҳанг ва мероси илмӣ низ аҳамияти калон дода мешавад. Самарқанд, Бухоро, Хива ва дигар шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон ҳамчун ганҷинаи бебаҳои фарҳанги шинохта шудаанд. Ин сарзамин бо номи бузургоне чун Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абӯали ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Алишер Навоӣ пайванд аст. Осори онҳо то имрӯз барои насли наврас сарчашмаи илму маърифат ва худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Омӯхтани мероси онҳо моро водор месозад, ки ба таърихи худ эҳтиром ва барои ояндаи дурахшон талош кунем.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Ӯзбекистони Нав муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷамеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои рушди минтақа ва таҳкими сулҳ аҳамияти калон дорад. Зеро танҳо дар кишвари тинҷу осуда метавон ба пешрафти устувор ва зиндагии шоистаи мардум ноил гардид.
Ба фикрам, Ӯзбекистони Нав кишвари орзуҳо, имкониятҳо ва умеди ҷавонон аст. Мо ҷавонон, бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода бурда, дониш омӯзем, касбу ҳунар аз ҳунар аз худ намоем ва барои ободии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Ман аз он ифтихор дорам, ки дар чунин сарзамини зебо ва дорои таърихи пурғановат зиндагӣ мекунем. Зеро, Ӯзбекистони Нав – Ватани орзуву умед ва кишвари имконият ва фардои дурахшони мо ҷавонон аст.
Машҳура Ҷобирова,
донишҷӯи курси аввали ДДС
