Дар Ҳинд Дҳармендра, яке аз маъруфтарин ҳунармандони Болливуд ва ситораи филми «Зита ва Гита», дар синни 89-солагӣ даргузашт. Дар аввали моҳи ноябр ӯ бо мушкилоти нафаскашӣ ба беморхона интиқол ёфта буд, аммо баъдан ба хона ҷавоб дода шуд.
Дҳармендра намунае аз як давраи синамои Ҳинд буд. Аз солҳои 1960-ум то имрӯз ӯ дар беш аз 300 филм нақш бозидааст. Маҳз бо нақши Рака, қаҳрамони ҷасур ва нексиришт дар филми «Зита ва Гита» ӯ муҳаббати оммаро ба даст оварда буд.
Барои саҳми калон дар рушди синамо, соли 2012 ҳунарманд бо ҷоизаи олии Ҳиндустон — «Падма Бҳушан» сарфароз гардид.
Сарфи назар аз синну сол, Дҳармендра ба фаъолияти эҷодӣ идома медод. Филми охирини ӯ — «Икки» рӯзи 25-уми декабри соли 2025 намоиш дода мешавад.
