Ovozi.uz

Ҳунармандони Самарқанд аз имтиёзҳо чӣ гуна истифода мебаранд?

Ҳунармандӣ мероси миллии халқ аст, ки дар тӯли асрҳо сайқал ёфта, то имрӯз идома дорад. Дар ҳар як маҳсулоти бо дасти усто офарида на танҳо меҳнат, балки таърих, завқ, урфу одат ва арзишҳои миллии халқамон таҷассум меёбанд. Имрӯз бошад, ҳунармандии анъанавӣ ба яке аз самтҳои муҳими иқтисоди замонавӣ низ табдил меёбад.

Хусусан, имкониятҳое, ки барои дастгирии ҳунармандон, фароҳам овардани шароити зарурӣ, омӯзонидани касбу ҳунар ба ҷавонон ва ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти тайёр фароҳам оварда шудаанд, ба васеъ гардидани фаъолияти намояндагони соҳа мусоидат мекунанд.

Дар вилоятамон низ ин ҷараёнро равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Устоҳои дар самтҳои гуногуни ҳунармандӣ фаъолияткунанда касби худро на танҳо ҳамчун манбаи даромад, балки ҳамчун воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба насли оянда расонидани онҳо рушд медиҳанд.
Имтиёзҳои аз ҷониби давлат пешниҳодшаванда дар дастгирии ҳунармандон аҳамияти муҳим доранд. Аз ҷумла, ҳунармандон аз пардохти андоз аз даромадҳое, ки бо фаъолияти ҳунармандӣ ба даст меоранд, озод мебошанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки маблағҳои бадастовардаро барои васеъ намудани истеҳсолот, харидории ашёи хоми зарурӣ, навсозии таҷҳизот ва омода кардани шогирдон бештар равона кунанд.

Ҳамчунин, барои ҳунармандон дар самти таъминоти нафақавӣ низ имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Онҳо тибқи тартиби муқарраргардида бо пардохти маблағҳо ба низоми нафақаи ҷамъшаванда имкони таъмини ҳифзи иҷтимоии ояндаи худро нигоҳ медоранд.

Муҳим он аст, ки имтиёзҳои фароҳамовардашуда барои ҳунармандон танҳо сабукиҳои рӯйи коғаз шуда намемонанд. Устоҳое, ки самаранок истифода бурдани онҳоро тавсия медиҳанд, шогирдони нав омода мекунанд, навъҳои маҳсулотро зиёд менамоянд ва барои ташаккули бренди худ талош меварзанд.

Дар ин ҷараён марказҳои ҳунармандӣ низ нақши муҳим доранд. Марказҳои махсусе, ки дар вилоят таъсис ёфтаанд, барои устоҳо ҳамчун як майдони хос барои фаъолият, истеҳсоли маҳсулот, табодули таҷриба ва омӯзонидани ҳунар ба шогирдон хизмат мекунанд.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои ҳунармандӣ идома ёфтани он аз насл ба насл мебошад. Аз ин рӯ, дар вилояти мо ба эҳё ва рушди анъанаи «Усто-шогирд» эътибори зиёд дода мешавад. Имрӯз дар Самарқанд дар садҳо мактаби «Усто-шогирд» ба ҷавонон нозукиҳои кулолгарӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, омода кардани либосҳои миллӣ, миниатюра ва дигар ҳунарҳо омӯзонида мешаванд.
Аҳамияти ин кор дар он аст, ки агар ҷавон касбу ҳунаре дошта бошад, ояндаи ӯ низ дурахшон мегардад. Усто бошад, бо омӯзонидани таҷрибаи худ ба шогирд на танҳо касбашро, балки мактаби ҳунарии дар тӯли солҳо ташаккулёфтаашро низ идома медиҳад.

Аз ин ҷиҳат, имкониятҳое, ки аз ҷониби давлат фароҳам оварда мешаванд, танҳо бо худи ҳунарманд маҳдуд намешаванд, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба вуҷуд омадани соҳибони касбу ҳунарҳои нав замина фароҳам меоранд.

Натиҷаи дигари муҳими имтиёзу имкониятҳои фароҳамоварда афзоиши талоши ҳунармандон барои ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ мебошад.

Либосҳои миллӣ, маҳсулоти зардӯзӣ, миниатюраҳо, батик ва дигар маҳсулоти ороишии истеҳсолнамудаи устоҳои самарқандӣ таваҷҷуҳи харидорони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд. Ҳунармандони вилоят дар намоишгоҳ ва фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҳам маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд ва ҳам бо шарикони хориҷӣ робита ба роҳ мемонанд.
Масалан, либосҳои миллӣ ба бозори Россия, маҳсулоти зардӯзӣ ба Хитой, миниатюра ва маҳсулоти ороишии сирдор, инчунин батик ва матоъҳои гулдор ба бозори Тоҷикистон бароварда шудаанд.
Ин танҳо як ҷараёни одии тиҷоратӣ нест. Дар паси ҳар як маҳсулоти миллии содиршуда таърих ва вижагиҳои соҳаи ҳунармандии Самарқанд низ ба хориҷи кишвар меравад.

Имрӯзҳо яке аз мақсадҳои асосии соҳа ин аст, ки ҳунармандон дар баробари омода кардани маҳсулот, малакаҳои фурӯш, тарғиб ва содироти онро низ аз худ кунанд. Бо ин мақсад имкониятҳои иштирок дар намоишгоҳ, фестивал, ярмарка ва чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ васеъ карда мешаванд.

Албатта, имтиёзу шароитҳои фароҳамовардаи давлат аз ҳунармандон масъулият низ талаб мекунад. Истифодаи имтиёзҳо барои васеъ кардани истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулот, омода кардани шогирдони нав ва истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор аз вазифаҳои муҳими ҳунармандони имрӯза ба шумор мераванд.
Дар ин самт дар вилоятамон натиҷаҳои мусбат ба назар мерасанд. Шумораи ҳунармандони нав меафзояд, ҷавонон ба касбу ҳунар ҷалб мешаванд ва устоҳо кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти худро ба бозорҳои нав бароранд.

Пас, самаранокии воқеии имтиёзҳое, ки ба ҳунармандон дода мешаванд, на танҳо бо сабукиҳои андозӣ ё дигар имкониятҳо, балки бо он муайян мегарданд, ки дар натиҷаи онҳо чӣ қадар ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд, чӣ қадар ҷавон соҳиби касб шудааст ва чӣ қадар маҳсулоти миллӣ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст.

Имрӯз дар ҳудуди вилоят аз рӯйи самтҳои гуногуни ҳунармандӣ 2 ҳазору 209 нафар усто ва шогирд фаъолият доранд. Шумораи аъзои соҳа меафзояд ва ба ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Умид ҲАКИМОВ,
сарвари Садорати вилоятии Иттиҳодияи «Ҳунарманд»