Ovozi.uz

«Муаллимаи сол» — тасодуфӣ нест…

Бо ташаббуси Президенти муҳтарамамон Шавкат Мирзиёев бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати таълим, озмуни ҷумҳурии «Муаллими сол» баргузор гардид, ки дар он беш аз 46 ҳазор нафар омӯзгор иштирок намуданд.

Ғолибони озмун 208 нафар омӯзгороне шуданд, ки дар ноҳия ва шаҳрҳои худ ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Ба ҳар яке аз онҳо ба андозаи 616 миллион сӯм, баробар ба 1 400 миқдори ҳисоби базавӣ мукофот дода мешавад.

Хурсандиовар аст, ки 16 нафар муаллимони вилоятамон низ аз қатори ғолибон ҷой гирифтанд.
Мо дар ин мақола ба роҳи ҳаёт ва фаъолияти яке аз онҳо — Гулҳаё Болтаева назар меафканем…

18 соли таҷриба ва зиракии яклаҳзаина

Соли 2014. Мактаби бегона, синфи ношинос ва 24 нафар донишомӯзе, ки ӯро бори аввал медиданд. Дар яке аз зинаҳои озмуни «Муаллими сол», муаллима Гулҳаё Болтаева ба чунин вазъият рӯ ба рӯ шуд. Аз рӯи шарти озмун, ӯ бояд дар синфе, ки аз ин пеш ба онҳо дарс надодааст, машғулот мегузаронд. Барои шиносоӣ бо донишомӯзон ҳамагӣ панҷ дақиқа вақт доданд. Яъне, панҷ дақиқа барои шиносоӣ, дар хотир доштани номҳои хонандагон ва омода шудан ба дарс. Албатта, дар ин ҳолат номи ҳамаи донишомӯзонро дар хотир нигоҳ доштан кори осон набуд. Аммо Гулҳаё роҳи ҳалли онро ёфт ва бо табассум гуфт:

— Ман шуморо бо ҳар номе, ки муроҷиат кунам, аз ҷой хеста ҷавоб диҳед. Фақат « Устод, номи ман ин хел нест», нагӯед.

Синфхонаро садои ханда фаро гирифт. Дарс оғоз ёфт. Дарс бомуваффақият гузашт. Аз ҳама муҳим, баъди ба охир расидани машғулот, аъзои ҳайати ҳакамон тааҷҷуб карданд, ки дар муддати кӯтоҳ муаллима номи ҳамаи хонандагонро азёд кардааст. Гулҳаё бошад, дар дил механдид. Зеро он чизе, ки дигарон маҳорати касбӣ ва мустаҳкамии хотира мешумориданд, дар асл як ҳилаи хурди омӯзгорӣ ва маҳорати аз вазъияти ғайричашмдошт баромадан буд. Шояд маҳз дар ҳамин лаҳза ҷиҳатҳои муҳими ӯ — зиракӣ, оромӣ ва қобилияти зуд пайдо кардани роҳи ҳалли масъала намоён шуда бошанд.

Гулҳаё Исматуллоевна 24‑уми сентяб­ри соли 1986 дар маҳаллаи Қозикенти ноҳияи Нарпай дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 52‑и ноҳия гирифтааст. Соли 2008 факултети кимиёи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби таълими умумии рақами 43‑и ноҳия оғоз кард. Имрӯз дар мактаби рақами 25‑и зодгоҳ ба насли наврас аз фанни кимиё дарс медиҳад. Инак, 18 сол боз дар соҳаи таълим фаъолият мебарад.

— Дар аввал, пешаи омӯзгориро «омӯзонидани дониш» медонистам, — мегӯяд ӯ. — Аммо бо гузашти солҳо дарк кардам, ки масъулияти муаллим бузургтар будааст. Муаллим бояд роҳи фаҳмидани дили хонандаро пайдо кунад, истеъдоди ӯро кашф ва дар ташаккули ояндааш саҳм гузорад. Зеро паси ҳар як донишомӯз шахсияте меистад, ки ҷаҳонбинӣ, истеъдод ва роҳи омӯзиши худро дорад. Ҳамаи онҳоро бо як қолаб чен кардан ё аз онҳо натиҷаро интизор шудан нодуруст аст. Вақте ки муаллим ба донишомӯз боварӣ мебахшад, донишомӯз низ худро шинохта, имкониятҳои пинҳониашро намоён мекунад.

Формулае, ки аз китоб берун меояд
Дар синфхонаи кимиё дониш танҳо бо формула ва таърифҳо маҳдуд намешавад. Барои муаллимаи кимиё муҳим он аст, ки хонанда на танҳо ҷавоби дурустро донад, балки сабаби рӯй додани ҳодисаро низ эҳсос намояд. Бинобар ин, дар дарсҳояш аз таҷриба, мисоли ҳаётӣ ва машғулотҳои амалӣ истифода мебарад. Ба ҷойи он ки танҳо қоидаеро шарҳ диҳад, майли хонандагонро ба фикрронӣ зиёд мекунад. Чаро?

Муаллимаи кордон мехоҳад, ки ҷавоб­ро худашон ҷустуҷӯ, мушоҳида ва таҳлил карда, хулоса бароранд. Зеро, донише, ки бо роҳи ҷустуҷӯ ба даст меояд, дар хотира мустаҳкамтар мемонад.

Эътирофи меҳнати ҳаждаҳсола
Ғолибият дар озмун барои Гулҳаё Исматуллаевна танҳо як натиҷа набуда, ӯ онро эътироф ва қадршиносии меҳнати ҳаждаҳсолааш медонад. Аммо ин муваффақиятро танҳо ба номи худ нисбат намедиҳад. Дар паси он дастгирии оила, дуои падару модар ва боварии фарзандонаш меистанд.
Вақте натиҷаи озмун эълон шуд, аввалин сухане, ки ба хотираш омад, «шукр» буд. Ӯ мегӯяд, инсон то ҷое ки метавонад, меҳнат мекунад, аммо натиҷаро Худованд насиб мегардонад.

Баъд падарашро ба ёд овард. Падаре, ки дар рӯзҳои озмун ҳар рӯз занг зада, мепурсид: «Духтарам, чӣ мешавад?». Ӯ мехост рӯзе ба падараш бо ифтихор бигӯяд: «Дада, ман ғолиб шудам!» Дар он лаҳза суханони фарзандонаш низ дар гӯшаш садо медоданд: «Модарҷон, шумо, албатта, ҷойи якумро мегиред».
Барои ӯ ин суханон танҳо таъриф ё дилбардорӣ набуданд. Онҳо нишонаи боварии наздиконаш буданд. Боварие, ки дар рӯзҳои пурташвиши озмун ба ӯ нерӯ мебахшид. Аз ин рӯ, ғолибият барояш на танҳо гирифтани ҷойи аввал, балки ҷавоби муносиб ба боварии наздиконаш буд.

Имрӯз Гулҳаё Болтаева бо унвони ғолиби озмун фаъолияти худро идома медиҳад. Аммо ғолибият барои ӯ нуқтаи анҷом нест. Фардо синфхона, донишомӯзон ва саволҳои нав боз дар пешанд.
Вақте аз ӯ пурсидем, ки агар фаъолияти омӯзгориашро дар як сархат ифода кунад, чӣ мегӯяд, ҷавобаш чунин буд:

— Ман омӯзгориро интихоб накардаам, гӯё омӯзгорӣ маро интихоб карда бошад. Бобоям, модарам ва холаҳоям низ омӯзгор буданд. Аз ин рӯ, омӯзгорӣ аз овони кӯдакӣ ба зиндагии ман ворид шудааст. Роҳеро, ки бобоям оғоз карда буд, имрӯз ман идома медиҳам. Ин барои ман танҳо касб нест, балки як роҳи муқаддас аст, ки аз оилаам ба ман мерос мондааст ва масъулияти бузург дорад. Кӯшиш мекунам ин роҳро сазовор идома диҳам.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА