Дар Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд Конгресси 97-уми FIDE, ҷамъомади Сарассамблея ва чорабиниҳои марбут ба интихобот баргузор гардиданд.
Дар чорабинӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон Абдулла Арипов, президенти муваққатии FIDE Вишванатан Ананд, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба варзиш Одил Абдураҳмонов, Вазири варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адхам Икрамов, ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва ҷонишини якуми раиси Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон, директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллаев иштирок карданд.
Дар интихоботи президенти FIDE, ки дар доираи Конгресси ин созмон баргузор шуд, соҳибкори қазоқистонӣ Тимур Турлов президенти FIDE интихоб гардид.
Турлови 38-сола ҷавонтарин президент дар таърихи FIDE гардид.
Турлов соҳибкори қазоқистонӣ, муассис ва роҳбари ширкати «Freedom Holding Corp.» мебошад. Ӯ аз соли 2023 ин ҷониб Федератсияи шоҳмоти Қазоқистонро низ роҳбарӣ мекунад.
Ширкати ӯ солҳои охир ба яке аз сарпарастони бузурги мусобиқаҳои байналмилалии шоҳмот табдил ёфтааст.
