Дар солҳои охир дар тибби Ӯзбекистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Сифат ва дастрасии кумаки тиббӣ баланд шуда, технологияҳои муосир татбиқ мегарданд ва ҳамкорӣ бо клиникаҳову марказҳои илмии хориҷӣ вусъат меёбад. Намунаи чунин корҳо — фаъолияти Институти илмӣ-тадқиқотии офиятӣ (реабилитология) ва тибби варзиши Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд мебошад.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи ташкил намудани Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва боз ҳам такмил додани омодасозии кадрҳо дар ин соҳа», дар таркиби донишгоҳ Институти илмӣ-тадқиқотии реабилитология ва тибби варзишӣ таъсис дода шуд. Пояи он Шифохонаи барқароркунии саломатии вилояти Самарқанд гардид, ки дар маҳаллаи «Ёшлик»-и ноҳияи Самарқанд ҷойгир аст. Пас аз ворид шудани ин муассиса ба таркиби Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, навсозии он оғоз ёфт. Яке аз самтҳо рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ гардид, ки имкон медиҳад таҷрибаи хориҷиро омӯхта, дар амалиёти маҳаллӣ татбиқ кунанд. Имрӯз институт бо мутахассисони Россия, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Германия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо робита дорад.
Тибби анъанавии КореяДар давоми панҷ рӯз гурӯҳи духтурон аз Кореяи Ҷанубӣ дар заминаи институт ба сокинони вилояти Самарқанд ройгон кумаки тиббӣ расониданд. Мутахассисони кореягӣ усулҳои тибби суннатиро дар ҳамоҳангӣ бо равишҳои муосири ташхис истифода бурданд. Сӯзанзанӣ (аккупунктура), моксотерапия — гарм кардани нуқтаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, фитотерапия (гиёҳдармонӣ), бодкашӣ (бонкаҳо), табобати мануалӣ ва дигар муолиҷаҳо ба кор бурданд. Беморони дорои дардҳои пушт, гардан ва буғумҳо, сар ва мигрен, ихтилоли ҳозима, хастагии музмин, стресс ва бехобӣ табобат, инчунин барои оқибатҳои ҷароҳатҳо ва изофабориҳои варзишӣ кумак гирифтанд. Табобат ба таври инфиродӣ — бо назардошти вазъи саломатӣ, синну сол ва хусусиятҳои ҳар як бемор интихоб карда шуд.
— Ман барои муоина, табобат, машварат ва доруҳои ройгон хеле миннатдорам, — гуфт барандаи секаратаи ҷоизаи чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон оид ба самбо, дорандаи ордени «Соғлом авлод учун» Ҷавҳар Ҷабборов.
— Аз сабаби изофабориҳои варзишӣ ман ҷароҳат бардошта будам ва ҳоло ба табобат ниёз дорам.
Мо суханҳои миннатдориро аз дигар беморон низ шунидем.
— Хушмуомилагии одамон ва кумаки ҳамаҷонибаи аҳли кории шифохона барои мо дастгирии бузург гардид, — қайд кард роҳбари гурӯҳи кормандони тиббии Кореяи Ҷанубӣ Ким Сан Гюн. — Ҳамкории байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими рушди тиб мебошад. Мо ба корҳои муштараки минбаъда ва табодули таҷриба умед мебандем.
Чаро ҳама чиз ба сӯи беҳбудӣ тағйир ёфт? Таърихи муассисаи табобатӣ аз солҳои 1970‑ум оғоз меёбад. Бо ташаббуси роҳбари ҳамонвақтаи вилоят Орзу Маҳмудов ва дигарон дар соҳили канали «Дарғам», дар як мавзеи хушманзара, шифохонаи тиби санаторӣ сохта шуд. Дар аввал он барои 50 кат пешбинӣ шуда буд ва дар ин ҷо, асосан, кормандони кумитаи Ҳизби вилояти (обком) ва аъзои оилаи онҳо табобат мегирифтанд. Номи дар байни мардум боқимондаи «шифохонаи обком» низ аз ҳамин ҷост. Осоишгоҳ сонитар ба сокинони минтақа низ хидмат расониданро оғоз кард. Дар давоми даҳсолаҳои гузашта роҳбарон, равишҳо ва низоми кори муассиса тағйир ёфтанд. Имрӯз институтро доктори илмҳои тиб, профессор Обид Ҳамидов роҳбарӣ мекунад. Ӯ соли 1985 дар вилояти Самараи Федератсияи Россия таваллуд шуда, таҳсилоти олии тиббиро дар Самарқанд гирифтааст.
— Падари ман Абдураҳмон Ҳамидов духтури ҳарбӣ буд ва бо сабаби вазифаи хидматӣ ба бисёр минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ сафар кардааст, — нақл кард ӯ. — Бинобар ин, пас аз мактаб ман қарор додам, ки ба роҳи ӯ равам. Донишгоҳ ва сипас магистратураро хатм намудам.
Обид Ҳамидов ҳамчун рентгенолог дар клиникаи назди институти тиббӣ, мудири кафедра ва декани факултаи табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд кор кардааст. Ду соли охир Институти илмӣ-тадқиқотии реабилитология ва тибби варзиширо роҳбарӣ мекунад. Ӯ ба саволҳои мо посух дод.
— Обид Абдураҳмонович, дар ин муддат чӣ тағйиротҳо ба амал омаданд?
— Мо дар бинои осоишгоҳ, ки беш аз 50 сол пеш сохта шуда буд, таъмири капиталӣ гузаронидем, заминаи моддию техникиро мустаҳкам кардем, аз Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой ва дигар кишварҳо таҷҳизоти муосири табобатӣ харидорӣ намудем. Ҳоло бинои нави дорои 200 кат қад рост мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки он моҳи марти соли оянда ба истифода шавад. Дар ин ҷо се толори ҷарроҳӣ, шуъбаҳои реабилитологияи кӯдакон ва ҷарроҳӣ, маҷмааи варзишӣ, толори тренажёрӣ ва ошхона бо таомҳои парҳезӣ мавҷуд хоҳанд буд.
— Бисёр касон ҳангоми гузоштани қадам ба ҳудуди осоишгоҳ, онро беихтиёр бо Кисловодск муқоиса мекунанд…
— Дар ҳавлии донишгоҳ беш аз се ҳазор дарахту бутта ва садбаргҳои зиёд мерӯянд. Дар байни дарахтони коҷ (санавбар) ва ғайраи сӯзанбарг кӯчабоғ (аллея)-и махсус ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо воқеан нафас кашидан осон аст ва овози паррандагон шунида мешавад. Ҳудуди осоишгоҳ айнан дар дохили кабудизор ғарқ шудааст, бинобар ин бисёриҳо мехоҳанд марҳилаи барқароршавиро маҳз дар назди мо гузаронанд.
— Мегӯянд, ки паранда бо болу пар қавӣ асту одам бо дӯстон…
— Комилан дуруст. Бе ҳамфикрони худ ҳал кардани вазифаҳои ҷиддӣ душвор аст. Ҷамоаи мо хеле тифоқ мебошад. Дар байни 70 нафар кормандон — 15 нафар доктори илм ва беш аз 20 нафар мутахассисон ба корҳои илмӣ машғуланд. Мо бо собиқадори шифохона, номзади илмҳои тиб Назира Рустамова, докторҳои илм Ҳусан Низомов, Азиз Тилоков, Азамат Бердиқулов, Зилола Мавлонова фахр мекунем. Ҳамчунин ҳамшираҳои шафқат Азиза Раҷабова, Интизор Садриева, Шаҳноза Азизова, Озода Насирова, Гулноза Усмонова, Баҳора Ҷӯрақулова, Дилором Аминова ва бисёр дигарон софдилона меҳнат мекунанд. Ба гуфтаи Обид Ҳамидов, дар ташаккули касбии ӯ волидон ва устодонаш нақши бузург бозидаанд.
— Ман аз тақдир миннатдорам, ки ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, профессор Ҷасур Ризаев устоди илмии ман гардид. Таҳти роҳбарии ӯ рисолаи доктории худро ҳимоя кардам. Пас аз ворид шудани шифохона ба таркиби донишгоҳ, ӯ мунтазам аз институт дидан мекунад, дар ҳалли масъалаҳои муҳим кумак мерасонад ва рушди тибби варзишӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дастгирӣ менамояд. Кафедраҳое ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо донишҷӯён метавонанд назарияро бо амалия пайваст кунанд. Дар байни онҳо донишҷӯёни зиёде аз Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ҳастанд.
— Барои оянда чӣ нақшаҳо доред?
— Ман аз муассисаҳои тиббии Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, ИМА, Германия, Россия ва дигар кишварҳо дидан кардам. Акнун вазифаи мо ба сатҳи байналмилалӣ баровардани кори институт мебошад.
Зоҳир ХАСАНЗОДА
