Ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо намояндагони ширкати туркии «Aksa Enerji», ки дар тендери байналмилалӣ оид ба идоракунии шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ ғолиб омадааст, мулоқот анҷом дод.
Мувофиқи шартномаи 30-сола, сармоягузор ба навсозии инфрасохтори энергетикии вилоят 1 миллиард доллари ИМА ҷудо мекунад.
Лоиҳа тамоми марҳилаҳои марбут ба тарҳрезӣ, маблағгузорӣ, сохтмон, истифода ва хизматрасонии техникии шабакаҳои барқии пастшиддатро дар бар мегирад. Ҷониби Туркия корҳои аудити қитъаҳои муҳимтарини шабакаҳои барқиро ба анҷом расонида, 440 лоиҳаро таҳия кардааст. Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар саросари вилоят 1000 трансформатор нав карда шуда, сутунҳои фарсудаи барқ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ иваз карда шаванд. Илова бар ин, масъалаи харидории генераторҳои сайёр ва техникаи махсуси зарурӣ низ баррасӣ мешавад.
Дар мулоқот ба масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон эътибори махсус зоҳир гардид. Ҳокими вилоят таъкид кард, ки бо мақсади бе мушкилот гузаронидани фасли зимистон барои аҳолӣ тамоми корҳо бояд суръат бахшида шаванд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот Адиз Бобоев аҳамияти стратегии ин лоиҳаро таъкид намуд. Амалӣ намудани лоиҳа имкон медиҳад, ки қатъшавии интиқоли нерӯи барқ ба ҳадди ақал расонида, талафоти неруи барқ кам ва партовҳои карбон коҳиш дода шаванд.
