Ovozi.uz

Олимон дар бораи «Эл-Нинои супер» огоҳӣ медиҳанд

Мутахассисон огоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳодисаи бузурги иқлимӣ бо номи «Эл-Нинои супер», ки интизор меравад моҳи декабр ба авҷи худ расад, метавонад боиси гармои шадид гардад.

Бино ба маълумоти Агентии метеорологии Япония, моҳи сентябр ҳодисаи Эл-Нино фаъолтар шуда, ба сатҳи баландтарини худ дар тамоми давраи мушоҳидаҳо расидааст. Ба гуфти мутахассисон, ин ҳодисаи иқлимӣ дар тӯли тамоми зимистон идома меёбад, менависад нашрияи The Independent.

Ҳарорати оби сатҳи Уқёнуси Ором нисбат ба меъёри муқаррарӣ 4 дараҷа баландтар шудааст. Ин баландтарин нишондиҳандаест, ки аз оғози мушоҳидаҳои соли 1949 ба қайд гирифта шудааст.

Ҳавошиносон чанд моҳ боз огоҳӣ медиҳанд, ки Эл-Нинои имсола метавонад ба пурқувваттарин ҳодисаи ин навъ дар таърихи мушоҳидаҳо табдил ёбад. Аз ин рӯ, онро «Эл-Нинои супер» меноманд.

Эл-Нино марҳилаи гарми даври табиии иқлимӣ мебошад, ки ба вазъи обу ҳаво дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад. Ин ҳодиса боиси баланд шудани ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ ва тағйир ёфтани тақсимоти маъмулии боришот дар минтақаҳои васеъ мегардад. Дар баъзе ҷойҳо он метавонад хушксолиро ба вуҷуд орад, дар минтақаҳои дигар бошад, боиси боришоти шадид гардад. Одатан, Эл-Нино дар фосилаи аз ду то ҳафт сол такрор мешавад.

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ) низ хабар додааст, ки Эл-Нино эҳтимолан пурзӯртар шуда, тақрибан моҳи декабр ба авҷи худ мерасад, менависад Korrespondent.net.