Ovozi.uz

ФИЗИКҲОИ ҶАВОН ДОНИШИ ХУДРО МЕСАНҶАНД

Дар маросим ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Ҳусан Тӯхтаев ва муовини директори Агентии муассисаҳои таълимии махсус Ҳасан Шокиров суханронӣ карда, ба иштирокчиён барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалии илмӣ дастаҳои мунтахаби кишварҳои Чин, Урдун, Қазоқистон, Қувайт, Қирғизистон, Латвия, Малайзия, Муғулистон, Қатар, Руминия, Русия, Туркия, Туркманистон, Ветнам ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Дар мусобиқаи мазкур наздик ба 200 нафар навраси хориҷӣ ва қариб 100 нафар донишомӯзи ӯзбекистонӣ иштирок доранд.
— Олимпиада дар ду зина гузаронида мешавад. Дар марҳилаи аввал иштирокчиён аз рӯи ду супориш корҳои лабораториро анҷом дода, дар марҳилаи дуюм сетогӣ савол, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аст иҷро карда мешавад, — гуфт директори маркази Олимпиадаи фаннӣ Тӯрабой Шерматов. — Дар зинаи амалӣ барои иҷро кардани ду шарт 5 соат вақт дода мешавад ва ба натиҷаҳои он то 40 хол баҳогузорӣ мешавад. Дар зинаи назарӣ бошад, донишомӯзон метавонанд то 60 хол ҷамъ оваранд. Натиҷаҳои ниҳоӣ аз рӯи 100 хол ҷамъбаст ва ғолибон аниқ карда мешаванд. Бино бар натиҷаҳои олимпиада ғолибон бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида мешаванд.
Мақсади асосии олимпиада дарёфти ҷавонони болаёқат, тақвияти шавқу рағбати онҳо ба илми физика, рушди иқтидори илмӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои мубодилаи дониш ва таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
— Ман дар олимпиадаи мазкур бо ҳамроҳии устодонам қариб 3 моҳ тайёрӣ дидам ва фикр мекунам, ки ҳоло дар озмун хуб иштирок мекунам, — гуфт иштирокчии олимпиада Ҷассим Алсаллам, ки аз Қувайт омадааст. — Дар бораи Ӯзбекистон сухан ронем кишвари меҳмондӯст будааст, одамонаш саховатпеша, самимӣ, ҳамеша барои ёрӣ додан омодаанд. Дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кардам.
Дастаҳои ҳар як кишар бо 5‑то иштирокчӣ ва 2 нафар роҳбариҷамоа иборат буда, дар ҳайати Кумитаи илмии Олимпиада 17 нафар мутахассиси соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ ва 5 нафар хориҷӣ ҷалб гардидаанд. Бо иштироки онҳо ба ташкили мусобиқа мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ, баҳодиҳии холисонаи дониш ва маҳорати иштирокчиён, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Баргузории Олимпиадаи байналмилалии физика ба номи Аҳмад ал-­Фарғонӣ дар шаҳри Самарқанд ба баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Ӯзбекистон дар соҳаи таълим ва илму-фан, намоён сохтани салоҳияти зеҳнии насли ҷавон, инчунин барои рушди робитаҳои илмии байни кишварҳо хизмат мекунад.
Олимпиадаи ҷаҳонии мазкур бори аввал соли 2021 дар вилояти Фарғона гузаронида шуда, дар он аз 9 мамлакат қариб 100 нафар донишомӯз иштирок кардаанд.

Ҷовид САЛОМАТУЛЛОЕВ