Ovozi.uz

Регистон: таърихи қадима дар партави технологияҳои нав

Регистон ба истиқболи Рӯзи шаҳр бо барномаи ҷолиби лазерӣ омодагӣ мебинад, ки шукӯҳи меъмории қадима ва технологияҳои муосирро ба ҳам мепайвандад. Соли гузашта аз майдони машҳур беш аз 1 миллион нафар боздид карданд. Соли 2026 бошад, таваҷҷуҳи сайёҳони аврупоӣ ба он афзудааст: пас аз Россия, Италия ва Испания дар сафи кишварҳои пешсаф қарор доранд.
Дар бораи намоишгоҳҳои нав, роҳбалад (гид)-и маҷозӣ (виртуалӣ), филми таърихӣ ва навгониҳои соҳаи сайёҳӣ бо директори Дирексияи барқарорсозӣ ва истифодаи ансамбли Регистон Хонқул Самаров суҳбат кардем.
— Регистон ба одамони дорои фарҳанги гуногун таассуроти амиқ мебахшад. Шояд маҳз ҳамин вижагӣ онро нодир гардондааст: забони меъморӣ барои ҳама фаҳмост. Чӣ омилҳо боиси ҷалби бештари сайёҳон мегарданд? Оё танҳо зебоии худи ансамбл?
— Бешубҳа, меъмории Регистон сарвати асосии мост. Мо кӯшиш мекунем, ки боздид аз Регистон барои одамони синну сол, миллат ва шавқу рағбатҳои гуногун қулай, пурмазмун ва ҷолиб бошад. Аввал аз масъалаҳои амалӣ оғоз мекунем. Имрӯз сайёҳ чӣ гуна метавонад бе сарфи вақти зиёдатӣ барои боздид аз Регистон омодагӣ бинад? Барои роҳати боздидкунандагон чиптаҳоро пешакӣ тавассути сомонаи расмии Registon.uz харидан мумкин аст. Дар ҳамин сомона роҳбалади маҷозӣ низ дастрас аст, ки барои шиносоӣ бо таърихи ансамбл ва омодагӣ ба боздид мусоидат мекунад. Ин имконият, махсусан барои сайёҳони хориҷӣ ва онҳое муфид аст, ки мустақилона сафар карда, барномаи боздиди худро пешакӣ тартиб медиҳанд. Сайёҳ метавонад маълумоти заруриро ҳанӯз пеш аз омадан ба майдон дастрас кунад ва баъди расидан вақти бештарро ба тамошои худи ёдгории таърихӣ бахшад.
— Шумо аз роҳбалади маҷозӣ ёдовар шудед. Оё метавон гуфт, ки технологияҳо имрӯз тарзи дарки ёдгориҳои таърихиро низ тағйир медиҳанд?
— Албатта. Пештар одамон, асосан меъмориро тамошо карда, ба нақли роҳбалад гӯш медоданд. Имрӯз имкониятҳои бештар дорем, ки симои муҳити таърихиро дар гузашта нишон диҳем, хусусиятҳои сохтмони биноҳоро шарҳ диҳем ва воқеаҳои он давраро ба таври аёнӣ муаррифӣ кунем. Реконструксияи рақамӣ, маводи мултимедиавӣ ва унсурҳои интерактивӣ барои фаҳмотар шудани таърих мусоидат мекунанд. Ин барои наврасону кӯдакон махсусан муҳим аст, зеро онҳо маълумотро ҳангоми ҳамроҳӣ бо тасвирҳои аёнӣ осонтар дарк мекунанд.
— Яке аз навгониҳо намоиши филми таърихӣ дар мадрасаи Тиллокорӣ мебошад. Тамошобинон дар он чиро хоҳанд дид?
— Ин воқеан имконияти ҷолибест барои аз нигоҳи нав шинос шудан бо таърихи Самарқанд. Дар мадрасаи Тиллокорӣ филми таърихие намоиш дода мешавад, ки дар бораи гузаштаи шаҳр ва бунёди мадрасаи бошукӯҳ нақл мекунад. Тамошобин имкон пайдо мекунад, ки гӯё дар хаёли худ ба даврони дигар сафар карда, ҷараёни бунёди ин ёдгории барҷастаи меъмориро тасаввур намояд ва муҳити таърихии пайдоиши онро беҳтар дарк кунад. Ин шакли муаррифӣ экскурсияи маъмулиро пурра намуда, робитаи байни меъморӣ, таърихи шаҳр ва сарнавишти одамонро равшантар месозад.
— Соли гузашта намоишгоҳҳои доимии осорхонавӣ дар мадрасаҳои Мирзо Улуғбек ва Тиллокорӣ нав карда шуданд. Барои боздидкунандагон чӣ тағйир ёфт?
— Дар ин ду мадраса корҳои васеъмиқёси навсозии намоишгоҳҳои доимӣ ва барқарорсозии дохили биноҳо ба анҷом расиданд. Мақсади асосӣ муаррифии мероси таърихию фарҳангии Самарқанд дар сатҳи замонавии осорхонашиносӣ ва нишон додани он буд, ки чаро шаҳри мо дар даврони Темуриён яке аз марказҳои бузурги илму маориф ва санъат ба шумор мерафт. Намоишгоҳи мадрасаи Мирзо Улуғбек махсусан ҷолиб аст. Маҷмуаи он бо беш аз 50 дастхат ва ҳуҷҷати нодир, аз ҷумла осори Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино ва Алии Қушчӣ ғанӣ гардонида шудааст. Дар ин ҷо, инчунин асбобҳои илмӣ ва маводи таърихии марбут ба фаъолияти Мирзо Улуғбек, астроном ва маорифпарвари барҷастаи асри XV ба намоиш гузошта шудаанд.
— Намоишгоҳи мадрасаи Тиллокорӣ аз чӣ ҷиҳат фарқ мекунад?

— Он ба таърихи ташаккули ансамбли Регистон ва шукӯҳи меъмории он бахшида шудааст. Боздидкунандагон дар ин ҷо метавонанд бо ҷараёни ташаккули симои таърихии майдон ва хусусиятҳои меъморӣ ва санъати ороишии он шинос шаванд. Қисми зиёди экспонатҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Франсия ва Ӯзбекистон барқарор карда шудаанд. Тарҳи фазои навшудаи осорхонаро ширкати меъмории фаронсавии Wilmotte & Associés таҳия кардааст. Ҳамзамон, ба ҳамоҳангии анъанаҳои Шарқ бо талаботи замонавии фаъолияти осорхонавӣ эътибори махсус зоҳир шудааст. Барои мо хеле муҳим аст, ки навсозӣ фазои таърихии ёдгориро халалдор насозад, балки барои боз ҳам амиқтар ошкор намудани арзишҳои он мувофиқат кунад.
— Пас, имрӯз Регистон на танҳо як ансамбли меъморӣ, балки макони таълимию маърифатӣ низ ба шумор меравад?
— Маҳз ҳамин тавр. Регистон на танҳо барои мутахассисони соҳаи таърих ва меъморӣ ҷолиб аст. Ҳар кас метавонад дар ин ҷо барои худ чизи наверо кашф кунад: донишомӯз дар бораи олимони бузург маълумот мегирад, донишҷӯ бо таърихи илм шинос мешавад, сайёҳи хориҷӣ фарҳанги Ӯзбекис­тонро беҳтар меомӯзад ва сокини Самарқанд саҳифаҳои нави таърихи зодгоҳи худро боз мекунад.
— Барои гирифтани таассуроти бештар аз Регистон кадом вақти рӯзро интихоб кардан беҳтар аст?
— Ҳар вақти рӯз ҷозибаи хоси худро дорад. Рӯзона нозукиҳои нақшу нигор, мозаикаҳо ва ҷузъиёти меъмориро ба хубӣ дидан мумкин аст. Бегоҳ бошад, тамошои манзараи нуру мусиқӣ ва барномаи лазерӣ ҳаловати дигар мебахшад. Мо ба сайёҳон тавсия медиҳем, ки бо тамошои кӯтоҳи майдон маҳдуд нашаванд. Беҳтар аст барои боздид аз намоишгоҳҳои осорхонавӣ вақт ҷудо карда, бо таърихи ҳар як мадраса шинос шаванд ва аз имкониятҳои дастраси ахборӣ истифода баранд. Дар ин сурат таассуроти онҳо аз Регистон хеле мукаммалтар хоҳад шуд.

Суҳбаторо Замира БОЛТАЕВА