Ovozi.uz

Аз ҳифзи ҳунарҳои халқӣ то «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ»

Самарқанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин ва зеботарини ҷаҳон буда, бо таърихи пурғановат, ёдгориҳои нодири меъморӣ ва фарҳанги рангини худ дар тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи хос дорад. Ин шаҳри бостонӣ, ки дар тӯли асрҳо маркази илму маърифат ва тиҷорат буд, имрӯз низ бо симои зебо ва имкониятҳои васеи рушди худ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Самарқанд ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, қолинбофӣ ва ғайра мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, то имрӯз ҳифз шудаанд. Дастони моҳири ҳунармандон аз ашёи одӣ осори зебои санъат меофаранд ва бо ин васила анъанаҳои миллиро зинда нигоҳ медоранд.
Рушди сайёҳӣ барои ҳунармандони шаҳр имкониятҳои нав фароҳам меорад. Бо афзоиши шумораи меҳмонони хориҷӣ талабот ба маҳсулоти дастӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ низ зиёд мешавад. Ҳамин тавр, ҳунармандӣ метавонад ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди маҳаллӣ табдил ёбад.
— Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Самарқанд соли 1997 ташкил шудааст, — гуфт дар оғози суҳбат роҳбари Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Самарқанд Умед Ҳакимов. — Иттиҳодияи мо пас аз Тошканд дар ҷумҳурӣ дуюмин таъсис ёфтааст. Ҳоло дар назди иттиҳодия 2100 нафар аъзои «Ҳунарманд» мавҷуд буда, онҳо беш аз 11 ҳазор нафар шогирд доранд. Ҳунармандӣ аз ҳама бештар дар марказҳои шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Самарқанд, Ургут, Пахтачӣ, Ҷомбой, Нарпай ва Тайлоқ пеш рафта аст. Дар беш аз ҳазор маҳалла қариб 875 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шудаанд. Мо дар дигар ноҳияву маҳаллаҳо барои бештар ривоҷ додани соҳаи ҳунармандӣ ҳаракат мекунем.
— Анъанаи «Устоду шогирд»-ро ба забон овардед. Ин анъанаи нек то чӣ андоза ривоҷ меёбад ва устодон ба шогирдӣ бештар фарзандони худ ё бегонагонро қабул мекунанд?
— Анъанаи устоду шогирд дар рушди ҳунармандӣ нақши муҳим дорад. Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар на танҳо барои нигоҳ доштани мероси ниёгон, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Имрӯз қариб дар ҳамаи мавзеъҳои ҳунармандӣ анъанаи неки устоду шогирд ба таври шоиста ба роҳ монда шудааст. Устоҳои соҳибтаҷриба донишу маҳорати худро ба ҷавонон омӯзонда, барои идомаи суннатҳои ниёгон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд. Бояд таъкид кард, ки ба шогирдӣ на танҳо фарзанд ё хешону наздикон, балки бегонагон низ ҷалб карда шудаанд. Яъне ҳар касе, ки барои ҳунаромӯзӣ шавқ дорад, ба ӯ асрори ҳунармандӣ омӯзонида мешавад. Ин анъанаи қадима, ки аз насл ба насл гузаштааст, барои нигоҳ доштани ҳунарҳои миллӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи гузаштагон аҳамияти бузург дорад. Хушбахтона, ҷавонони мо ба омӯзиши ҳунар шавқу рағбати зиёд доранд. Онҳо дар баробари таҳсил ва аз худ кардани донишҳои муосир, кӯшиш мекунанд, ки касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибмаҳорат ба камол расанд. Зеро ҳар як ҳунар заҳмат, сабру таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва кӯшиши пайвастаро талаб мекунад. Маҳз тавассути омӯзиши ҳунар инсон ба қадри меҳнат мерасад, мустақилона фикр карданро меомӯзад ва дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Шахсе, ки ҳунар дорад, ҳамеша метавонад бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии шоиста ба сар барад ва ба ҷомеа нафъ расонад. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунарманд хор намешавад» ва ё «ҳунар беҳ аз зар аст». Ҳар қадаре ки анъанаи устоду шогирд рушд ёбад, ҳамон қадар ҳунарҳои миллӣ пойдор монда, насли ҷавон бо дониш, маҳорат ва ахлоқи хуб ба воя мерасад. Чунки ҳунар инсонро тарбия мекунад, ба ӯ роҳи зиндагиро меомӯзонад.
Соли равон 18 нафар ҳунармандони мо ба 6 мамлакати хориҷӣ рафта, дар намоишгоҳҳо иштирок карданд. Дар кишвари худамон ҳам беш аз 70 намоишҳои ҳунармандӣ баргузор гардиданд.
— Ба наздикӣ шаҳри Самарқанд мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ»-ро соҳиб гардид. Ин навигарӣ барои аҳли ҳунари Самарқанд чӣ андоза аҳамиятнок аст?
— Имсол тайёрӣ ва меҳнати чорсолаамон самараи худро дод. Яъне, ба шаҳри Самарқанд номи «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» дода шуд. Мақоми мазкур ифодагари эътирофи анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ ва имкониятҳо дар рушди санъати мардумӣ мебошад. Он нуфузи байналмилалии шаҳрро боз ҳам боло мебарад, шумораи сайёҳони хориҷӣ меафзояд, барои ҳунармандон дари бозорҳои нав боз мешавад, ки инҳо ба рушди соҳаи ҳунармандӣ такони тозае мебахшанд. Иштирок дар намоишгоҳ ва ярмаркаҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба, баргузории дарсҳои маҳорат ва роҳандозии ҳамкориҳои эҷодӣ метавонанд ба рушди соҳа мусоидат кунанд.
Ин дастовард барои Самарқанд на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бештар дар роҳи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Чунин мақомро дар дунё қариб 70 шаҳр соҳиб шудааст, ки яке аз онҳо шаҳри Самарқанд мебошад. Бояд таъкид кард, ки пеш аз Самарқанд чанд шаҳри дигари Ӯзбекистон низ соҳиби номи «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» гардида буданд: Қӯқанд соли 2019, Бухоро ва Марғелон соли 2022, Риштон, Шаҳрихон ва Шаҳрисабз соли 2025.
— Мо бояд нақшаҳои ояндаро фикр кунем. Шояд ягон ҳунар аз байн равад… Барои пешгирии ин чи гуна чораҳо андешида мешаванд? Оё дар донишкадаву донишгоҳҳо имконияти кушодани ягон шуъбаи ҳунармандӣ вуҷуд дорад?
— Саволи хуб. Президенти кишварамон ҳангоми кушодани Институти тамаддуни исломӣ барои ҳунармандон низ кушодани институтҳоро пешниҳод карда буданд. Дар ин маврид донишҷӯён асосан донишҳое аз қабили ба роҳ мондани бизнесҳои онлайнӣ, соҳаи маркетинг, кушодани мағозаҳои онлайниро меомӯзанд. Мо пешниҳод дода будем, ки масъалаҳои зиёд кардани саводхонии бизнесӣ, ҳиссагузорӣ дар иқтисодиёти креативӣ, омӯхтани баромадан ба бозори ҷаҳонӣ ва зиёд кардани ҳаҷми экспорт омӯхта шаванд ва ин пешниҳод маъқул дониста шуд. Ҳоло аз 1‑уми ноябр бо ҳамкории Институти сайёҳии ҷаҳонӣ ва мероси маданӣ омӯзонидани таълими назарии ҳунармандӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷиҳати муҳими қадами мазкур ҳамин аст, ки донишҷӯён 2 сол дар Ӯзбекистон, 2 сол дар Хитой мехонанд ва як қисми маблағи он аз ҷониби давлат пардохта мешавад.
— Дар оянда боз чи хел корҳоро амалӣ карданиед?
— Ният дорем, соли оянда ноҳияи Ургут ба гирифтани мақоми «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» мушарраф гардад. Барои ин ҳам беш аз як сол вақт сарф мешавад, зеро тартибу қоидаҳои онро мо бояд иҷро намоем. Аз ҷумла, салоҳияти ҳунармандии ноҳияи Ургут ва сатҳи мактабҳои ҳунармандии минтақа омӯхта мешаванд. Пас аз санҷиши чунин меъёрҳо хулоса мебароранд.

Мусоҳибон Б.ҶУМЪАЕВ ва Ҷ.САЛОМАТУЛЛОЕВ