Шумораи навбатии лоиҳаи «Дар маҳаллаатон чӣ гап» — ро аз маҳаллаи Қӯлбости оғоз кардем. Бо тарзи рӯзгори аҳолӣ шинос гардидем. Иштиёқи бунёдкории мардуми мо шуҳрат (ҳайрат)-и моро зиёд кард. Намуди зоҳирии минтақаи аз маркази ноҳияи дар 25—30 километр дур ҷойгирифта дар солҳои охир ба куллӣ дигаргун гаштааст. Ба роҳҳои деҳа сангу шағал хобонда, кӯчаҳои марказиро мумфарш кардаанд. Ба 1700 метр симҳои замонавии барқӣ кашида, 65 адад сутуни оҳанӣ-бетонӣ, 2 адад трансформатори нав ва шабчароғҳои барқии замонавӣ шинондаанд. Асосиаш, муаммоҳои бисёрсолаи аҳолии маҳалла ба таври мусбӣ ҳал гардида, барои овардани оби ошомиданӣ ба масофаи 7 километр қубурҳои нав гузарондаанд. Бо мақсади аз ҷиҳати иҷтисодӣ ҳимоя кардани қабати ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ 32 оила ба «Дафтари оҳанин» дароварда шудааст. Барои беҳ кардани шароити зисти онҳо корҳо амалӣ шудаанд. Дар асоси маблағи «Буҷаи ташаббуснок» таъмири ташкилоти таълими томактабии рақами 18 ва сохтани бинои иловагӣ муайян гардид. Ба барномаҳои давлатӣ масъалаҳо мисли кашидани симҳои замонавии барқӣ ба гузари Хӯҷа, мумфарш кардани 2 километр роҳи Деҳнав дароварда шудааст.
— Сехи дӯзандагии маҳалларо васеъ карданием, — гуфт раиси маҳалла Шерзод Эргашев. — Дар натиҷа, шуғли зан-духтарон таъмин мегардад. Барои ҷавонон маркази хонишӣ мекушоем. Соли гузашта дар маркази маҳаллаамон китобхона кушода шуд. Ҳоло фонди китобхонаро бо ҳомиён зиёд мекунем.
Ҳамкорӣ дар тарбияи ҷавонон
Раиси маҳалла моро сӯйи мактаби таълими умумии рақами 38_и ноҳия бурд. Дар мактаби мазкур 410 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд. Дарсҳо дар ду баст ташкил гардидаанд.
— Берун аз дарс 17 маҳфили фаннӣ ва варзишӣ фаъолият мебарад, — гуфт ҷонишини директори мактаби мазкур аз рӯйи корҳои маънавӣ ва маърифатӣ Ойбек Норқулов. — Барои бомазмун ташкил намудани вақти холии хонандагон мавқеи ин маҳфилҳо назаррас мебошад. Раиси маҳаллаамон якҷо бо падару модарон ба давомот ва тарбияи хонандагон эътибор медиҳанд. Ҳамкории мактаб-маҳалла-оила хуб бошад, дар таълиму тарбия ба сифат ва самарадорӣ муваффақ шудан мумкин.
Замини наздиҳавлигӣ-манбаи даромад
Шаҳрванди деҳаи Теппа Абдуназар Ҷияновро ҳаммаҳаллаҳояш ба сифати боғбони пуртаҷриба ва сарвари оилаи намунавӣ ҳурмат мекунанд. Абдуназарака 5 нафар фарзандро ба воя расонд. Онҳоро хононда, соҳиби хонаву ҷой кард. Имрӯзҳо ӯ бо фарзанду набераҳояш зиндагии фаровон дошта, аз ҳаёти худ мамнун аст. Абдуназарака аз замини наздиҳавлигиаш босамар истифода мебарад. Дар 8 хол замин гармхона бунёд кардааст. Аз он соле 3 маротиба ҳосил мегирад. Ӯ ба фарзанду набераҳо низ илми боғдориву деҳқониро, додани меҳрро ба замин ва асрори аз боғу киштзор гирифтани ҳосили хубро ёд медиҳад.
Пиронсолон ғаниматанд
— Солҳои мактабхониамон ҷанг сар шуд, — гуфт яке аз пиронсолони соҳибэҳтироми маҳаллаи Теппа Яхшиликбобо Эшмуродов. — Ҳамаи мардони маҳалла ба фронт сафарбар гаштанд. Корҳои саҳро ба пиронсолон, занҳо ва бачаҳо монданд. Солҳои наврасии мо ба ҳамин хел давраи мушкилӣ рост омад. Солҳои гуруснагиро ҳам дидем. Дар аксари хонадонҳо нони хӯрданӣ кофӣ набуд. Ҳамааш ба фронт, ба сарбозон фиристонда мешуд. Ҷавонони имрӯзаро бинам, аз таҳти дил хурсанд мешавам. Мехоҳам, ки ҷавонони имрӯза ба қадри замони осуда, давраи фаровонӣ бирасанд. Дар асл гирифтани таълим вазифаи ҳар як инсон мебошад. Ин ҳақиқати ҳаётро ба фарзандонамон, набераҳоямон фаҳмонем. Дар солҳои баъдиҷангӣ талаб ба касоне, ки хату савод доштанд, афзуд. Дар соли 1955 бо аҳли оилаамон ба деҳаи Теппа кӯчида омадем. Ҳуснихати зебое доштам. Ба сифати котиб ба Ҷамоати шаҳрвандони деҳа ба кор қабул карданд. Дертар дар мактаби таълими рақами 2 ба бачаҳо таълиму тарбия додам. Бо ҳамсарам Шарофатхон 5 нафар фарзандро ба воя расонда, ҳоло 13 нафар набера ва 22 нафар абера дорем. Шарофатхон соли 2012 ин дунёро тарк кард.
Бо тарзи зисти деҳа шинос шудему аз як ҳолат шод гардидем. Аҳолии гузари Қӯлбости зиндагии осуда дорад. Анъанаҳоро аз авлод ба авлод идома дода, фарзандҳоро дар рӯҳи ҳурмат ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия мекунанд. Мо аз аҳли меҳнаткашу соддаи деҳаи Меҳнаткашлар ифтихор дорем.
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ,
ноҳияи Ҷомбой
