Дар мамлакатамон оиди эҳёи таърих, ба хусус даври маорифпарварӣ ва зиндагиву фаъолияти ҷадидон корҳои беназир амалӣ мешаванд. Ба ин ҳаракатҳо шахсан раҳбарӣ намудани Президенти кишвар боиси ифтихору мамнуният аст.
Ба қарибӣ фаъолияти платформаи Jadidlar.uz оғоз шуд, ки дар он оиди ҳаёт, фаъолият ва мероси зиёда аз 250 ҷадид маълумот гирдоварӣ шудааст. Платформаи мазкурро дар солҳои 2021–2023 бо фармони Бунёди рушди забони ӯзбекии тобеи Девони Вазирон ходимони донишкадаи таърих тайёр кардаанд.
Дар ин платформа 174 асар, беш аз 1000 мақола, наздики 120 шеър ва 500 суханони пурҳикмати марбут ба ҷадидон ҷой дода шуда, пайваста бо маълумот оиди ҷадидон нав карда мешавад. Илова бар ин, дар платформа ҳудуди 200 акс, 38 аудио, ҳудуди 20 намоиш ва 73 маҷмӯаи бойгонӣ ба унвони манобеъ барои омӯзиш ҷойгир шудааст. Инчунин, 95 асар, 223 мақола, 37 рисолаи илмӣ ва 9 ёддоштро ҳамчун пажӯҳишҳои марбут ба ҷадидия ворид кардаанд. Муштариён метавонанд аз ин платформа боздид намуда, фикрҳои худро дар шарҳҳо гузоранд.
Дар доираи мавзӯъ:
Платформа аз калимаи франсавии plate-forme, plat — ҳамвор ва forme — шакл гирифта шудааст. Дар истилоҳ фазои маҷозие, ки дар он маълумот оиди як ё якчанд соҳа ҷамъоварӣ мешаванд.
Платформаи Jadidlar.uz фаъол гардид
