Ovozi.uz

Барои таъмини барқ меҳнат мекунанд

Пресс-тур

Ҳоло ҳукумати мамлакатамон ба масъалаҳои беҳ кардани таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ эътибори алоҳида медиҳад. То ин вақт ба ривоҷи соҳа маблағи зарурӣ сарфа намешуд. Аз ин рӯ, дар ҷойҳо шабонарӯзҳо барқ қатъ гардида, садамаҳо саривақт бартараф карда намешуданд. Аз ин аҳолӣ азият мекашид.Фикрҳо дар ин бобат дар пресс-туре, ки филиали вилоятии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари»-и ноҳияи Нарпай ташкил кард, сухан рафт.
Дар аввали тадбир сарвари корхонаи таъминоти электри ноҳияи Нарпай Валиҷон Қиличев ба журналистон дар бораи захираҳои ҷиҳозоти электр, ускунаҳо барои мавсими тирамоҳ-­зимистони солҳои 2023–2024 маълумот дод.
Сипас, сармуҳандиси корхона Шерзод Ӯринов иштирокдоронро бо ҷараёни кори пункти диспетчерии корхона шинос намуд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо шумораи истеъмолгарони қувваи барқи корхона 4725-торо ташкил менамояд. Бино ба ҳолати моҳи январи соли 2023 қарздории дебиторӣ 59637,1 миллион сӯмро ташкил мекард. Ҳоло қарздории дебиторӣ 45751,5 миллион сӯмро ташкил мекунад. Дар корхонаи мазкур 13 дона нимстансия мавҷуд буда, имрӯзҳо дар нимстансияҳои Оқтош, Ойбек, Қорача (2 адад), Ислом шоир, Мирбозор, Тинчлик, Оқ олтин, Ҳамза, Хӯҷакарзон, Курсай (2 адад), Оазис, Зирабулоқ (2 дона), 16 адад траснформатор (1‑тоӣ) ба аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ қувваи барқ мерасонанд.
Шумораи истеъмолгарони қувваи барқ дар ноҳия 44725-то, аз ин 42840 истеъмолгарони ҷисмонӣ ва 1885‑то истеъмолгари ҳуқуқӣ мебошанд. Дар ноҳия 40744 адад ҳисобкунаки барқии ASKUE, гузошта шудааст, ки ба тарзи онлайн кор мекунанд. Дар 99 дарсади хонадонҳои аҳолӣ чунин ҳисобкунакҳои замонавӣ гузоштаанд.
Дар давоми соли 2023 ва моҳи равон аз рӯйи тайёрӣ ба мавсими тирамоҳ-­зимистон пунктҳои трансформатор ва шабакаи электри ҳавоӣ корҳои таъмиркунӣ амалӣ мешавад. Таъмири 111 дона трансформатор дар нақша буда, то ин вақт 55 пункти трансформатор таъмир гардидааст. То ин вақт ба масофаи 102,7 километр кори кашидани шабакаи ҳавоӣ (кабелҳои замонавии СИП‑2 ва СИП‑4) иҷро гаштааст.
Соли гузашта дар маҳаллаҳои Умед, Дӯстлик, Исломобод трансформаторҳои иловагӣ гузоштанд. Инчунин, сутунҳои оҳанӣ-­бетонӣ шинонданд. Шабакаи электри ҳавоӣ кашиданд.
Бо роҳи ҳашар дар 5 маҳалла 73 дона сутуни оҳанӣ-­бетонӣ гузоштанд.
Имрӯзҳо дар корхона барои саривақт бартараф кардани ҳолатҳои садамаҳо 1-то бригадаи зудамал ва 4 то шӯъбаи устоӣ фаъолият доранд.

Ҷ.АСРОР