Ovozi.uz

Муваффақияти шоҳмотбозон дар Дубай

Солҳои охир шоҳмотбозони мамлакатамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Гроссмейстери байналмилалӣ Нодирбек Абдусатторов ба рӯйхати 10 нафар беҳтарин шоҳмотбози ҷаҳон дохил гардид. Чанде пеш аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб хушхабар расид. Дар он ҷо мусобиқаи байналмилалӣ баргузор гашт, ки 112 дастаи мунтахаб барои пирӯзӣ қувваозмоӣ намуданд.
Гроссмейстери байналмилалӣ, чемпиони бозиҳои олимпӣ дар Ҳиндистон Ҷавоҳир Синдоров (рейтинг 2684) ва гроссмейстери байналмилалӣ, чемпиони олимпӣ Ҷаҳонгир Воҳидов шарафи дастаи яккачини мунтахаби «Роял чейс Самарқанд» — ро ҳимоя карда, ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Шоҳсуфаи баланд ба вакилони Россия — гроссмейстерҳои байналмилалӣ В. Артёмов (рейтинг 2711) ва В. Мурзин (рейтинг 2632) насиб гашт. Ғолибон бо мукофотҳои хотиравӣ ва маблағҳои рағбатноккунанда сарфароз гардиданд.
— Соли 2026 дар Самарқанд бозиҳои олимпӣ оид ба шоҳмот баргузор мешавад, — гуфт ҷонишини раиси Федератсияи шоҳмоти Самарқанд, гроссмейстери байналмилалӣ Тоҳир Воҳидов. — Дар он ҳамин ҷавонон шарафи кишварамонро ҳимоя мекунанд.

З.ҲАСАНЗОДА