Дар Ӯзбекистон аз соҳибкорон барои лавҳаҳое, ки дар даромадгоҳи биноҳои худ насб мекунанд ва дар онҳо номи корхона ва намуди фаъолияти он нишон дода мешавад, шиносномаи ҷойгиркунии реклама талаб карда намешавад. Ин меъёр дар қарори Ҳукумати Ӯзбекистон аз 13-уми октябр муқаррар шудааст.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат, тартиби барҳам додани ҳатмии объектҳои таблиғоти беруна низ равшан карда шудааст. Соҳибкорон дар ин бора, ҳадди аққал ду рӯз пеш огоҳ карда мешаванд ва барҳамдиҳӣ дар рӯзҳои корӣ аз соати 09:00 то 18:00 анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин, қарорҳо оид ба дизайн-коди шаҳрӣ пас аз муҳокимаи ҷамъиятӣ қабул шуда, се моҳ пас аз интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд. Дизайн-коди шаҳри Тошканд то 10-уми декабр бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма муҳокима карда мешавад.
Илова бар ин, тартиби ҷойгир кардани реклама дар воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ содда карда шудааст. Акнун ҷойгир кардани маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва фаъолияти ширкат дар нақлиёти худии онҳо бо тартиби осонтар амалӣ мегардад.
