Канали қадимаи Дарғом, воқеъ дар вилояти Самарқанд, ба Феҳристи байналмилалии иншооти мероси ҷаҳонии обёрӣ (World Heritage Irrigation Structures — WHIS) дохил карда шуд.
Ин қарор аз ҷониби Комиссияи байналмилалии обёрӣ ва заҳкаш (ICID) қабул шудааст. Маросими супоридани ҷоизаҳо 14 октябр дар шаҳри Марсел (Фаронса) дар доираи Конгресси 26-уми байналмилалии ICID баргузор гардид. Ҳамзамон, боз як канали таърихии Ӯзбекистон — Шаҳруд низ ба ин феҳрист ворид карда шуд.
Дарғом яке аз қадимтарин низомҳои амалкунандаи обёрии воҳаи Самарқанд ба ҳисоб мешавад. Таърихи он чандин асрро дар бар гирифта, бунёдаш ба таври анъанавӣ ба асрҳои V–IV пеш аз милод нисбат дода мешавад. Дар айни замон, дарозии канал тақрибан 102 километрро ташкил дода, заминҳои кишоварзии вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарёро бо об таъмин мекунад.
Ба феҳристи WHIS ворид гардидани Дарғом аз эътирофи байналмилалии аҳаммияти таърихӣ ва муҳандисии он шаҳодат дода, таваҷҷуҳро ба зарурати ҳифзи мероси нодири обёрии минтақа ҷалб мекунад.
