Ovozi.uz

Маҷлиси 57-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти бехатарӣ ва хидматҳои махсуси кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

16-уми октябри соли 2025 дар Самарқанд маҷлиси 57-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти бехатарӣ ва хидматҳои махсуси кишварҳои узви ИДМ ба кори худ оғоз кард. Чорабинии имсола аз ҷониби Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуд.

Дар оғози анҷуман сухани табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни маҷлис хонда шуд.

Тавре зикр гардид, маҷлисҳои ҳарсолаи ин Шӯро барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар таҳдидҳои замноваӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.

Сарвари давлатамон ба як қатор омилҳое, ки ба бехатарии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Зимнан зикр гардид, ки вазъи ноороми Афғонистон, фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили хориҷа аз ҷумлаи онҳост.

Инчунин, қайд карда шуд, ки мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва пешгирии барои мақсадҳои бад истифода шудани зеҳни сунъӣ аҳамияти муҳим дорад.