Ин зироати маълум ва машҳур аст, дар шароити Осиёи Марказӣ хуб ҳосил медиҳад. Тухми онро ҳамчун масолеҳи ош хӯрокворӣ, инчунин дар тиб низ истифода мебаранд. Навъҳои сурх ва сафед дорад.
Мизоҷи навъи сурхаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст, вале мизоҷи сафеди он дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад.
Хусусиятҳои лӯбиё: дерҳазм, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад (аз сафедаш бештар), узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, шир пайдо менамояд, баданро фарбеҳ месозад, пешобро равон менамояд.
Лӯбиёи сурх дарди гурдаро таскин медиҳад.
Лубиёро бисёр ва бардавом бихӯранд, боиси дидани хобҳои бад ва мушавваш мегардад.
Ин гуна зарари онро занҷабил, хардал (горчитса), зира, намак, равғани зайтун, қоқутӣ, мурч ва беҳӣ бихӯранд, ислоҳ мекунад, инчунин бо гӯшт пухта бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад.
