Ovozi.uz

Фоидаҳои беҳӣ

Беҳиро бихӯранд, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад; пешобро меронад.

Беҳии ширинро напухта бихӯранд, аз бадан рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо менамояд. Мизоҷи беҳии турш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Агар инро бихӯранд, хислатҳояш дар бобати қувват бахшидан барои меъдаи гарммизоҷон аз беҳии ширин қавитар аст. Ва агар инро аз болои таом бихӯранд, оҳиста исҳол меоварад ва агар дар вақти холӣ будани меъда бихӯранд, дар одамони гарммизоҷ дарунро мебандад. Ҳар як навъи беҳиро бихӯранд, фараҳ меоварад беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад ва аз узвҳои ботини рафтани хунро манъ менамояд.

Беҳиро бо асал мураббо карда бихӯранд, ҳамаи зарарҳояш нест мегардад. Агар биҳиро мураббо накарда, худашро бихӯранд, ба узвҳои заифи даруни шикам зарар дорад, яъне роҳи нафасро дағал мегардонад; иллатҳои ларзак, сурфа ва кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдахои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин ҳолат асал ва арпабодиён бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.