Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 октябри соли ҷорӣ ба вилояти Самарқанд ташриф намуд.
МЕРОСИ БУЗУРГОНАМОНРО ҲИФЗ ВА ТАРҒИБ МЕКУНЕМ
Тибқи анъана, Роҳбари давлатамон нахуст маҷмааи ёдгории Имом Бухориро зиёрат кард. Оятҳои Қуръон тиловат ва дуоҳо хонда шуданд.
Зимни ташриф ба Роҳбари давлатамон оид ба иҷрои супоришҳое, ки қаблан дода шудаанд, дар бораи истифодаи самараноки имкониятҳои маҷмаа, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори сайёҳии он, ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси ғании илмии Имом Бухорӣ дар ҷаҳон, инчунин рушди маърифати исломӣ ва сайёҳии зиёратӣ маълумот дода шуданд.
Роҳбари кишварамон таъкид кард, ки пайваста идома додани ин корҳо зарур аст.
— Ин зоти бузург ба мо тамоми илму дониши худро мерос гузоштаанд. Агар мо ин илмҳоро идома диҳем, ҳеҷ гоҳ кам намешавем. Ман худам низ ҳар дафъае, ки ба зиёрати ин бобои бузургворамон меоям, дуо мекунам, ки ба зиндагии халқамон баракат диҳад ва якаш ду шавад. Мо дар оянда барои ҳифз ва тарғиби мероси бузургонамон корҳои зиёдеро анҷом медиҳем. Барои он шароит фароҳам меорем, ки одамон аз тамоми ҷаҳон ба Ӯзбекистон омада, Маркази тамаддуни исломӣ ва маҷмааи Имом Бухориро бубинанду зиёрат кунанд, — гуфт Роҳбари давлатамон.
ШАҲР БОЯД БА МАРДУМ ХИДМАТ КУНАД
Президент Шавкат Мирзиёев бо рафти корҳое, ки барои дар болои дарёи Қародарё сохтани кӯпруке амалӣ мешаванд, шинос шуд.
Ин иншооти бузург барои ташкили самараноки ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатарии роҳ ва коҳиш додани тамбашавии роҳ бунёд шудааст. Кӯпруки мазкур мавзеи Ширинро, ки ҳоло бунёд мешавад, бо шаҳри Самарқанд ва фурудгоҳи байналмилалӣ мепайвандад.
Арзиши лоиҳа 310 миллиард сӯм буда, дарозии кӯпрук 780, паҳнои он 29,8 ва баландиаш 12 метрро ташкил медиҳад. Қисми ҳаракати нақлиёт аз чор хатти ҳаракат иборат буда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани то 25 ҳазор воситаи нақлиётро дорад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав масофа аз шаҳраки Ширин то марказ аз 23 километр ба 4 километр ва вақти роҳ тақрибан 30 дақиқа кам мешавад.
Ба Роҳбари давлатамон дар бораи ҳалли техникии лоиҳа ва имкониятҳои идоракунии ҳаракати нақлиёт маълумот дода шуд. Дар ҳамин ҷо бо фаъолон суҳбат баргузор гардид.
— Соли 2016 ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 1 миллиону 200 ҳазор сайёҳ меомад. Ҳоло дар як сол 5 миллион сайёҳ ташриф меорад. Он вақт кӣ метавонист чунин натиҷаҳоро тасаввур кунад? Албатта, имрӯз ҷаҳон бар асоси рақобат рушд мекунад. Мо низ бояд мавқеи худро дар ин рақобат мустаҳкам намоем. Агар лоиҳаҳоро дуруст таҳия карда, низоми логистикаро оқилона ташкил кунем, хароҷотро кам ва роҳро барои мардум наздиктар мегардонем. Охир, ин шаҳр барои одамон аст! Ҳамин кӯпрук яке аз орзуҳои ман буд. Имрӯз ин орзу амалӣ шуд, — гуфт Президентамон.
Роҳбари давлат андешаи худро дар бораи он ки шаҳр бояд ба мардум хидмат кунад, идома дода, ба масъулияти ҳар як инсон дар назди халқу Ватан эътибор зоҳир намуд.
— Дар суханронии дирӯзаам низ борҳо ба калимаҳои «худ», «худамон», «ҳувиятамон», «аз они худамон» эътибор нигарондам. Мо бояд бо рӯҳияи ғояҳои «Ман ӯзбекистониям, барои халқам талош мекунам, барои халқам таҳсил мегирам, барои фардои худ ҷустуҷӯ менамоям» зиндагӣ кунем.
ЗИЁРАТГОҲИ МОТУРИДӢ НАВ ГАРДИД
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчунин бо корҳои ободоние, ки дар маҷмааи ёдгории Имом Мотуридӣ анҷом дода шудаанд, шинос шуд.
Мувофиқи қарори Роҳбари давлатамон, соли гузашта дар кишвари мо 1155‑солагии зодрӯзи Абумансур Мотуридӣ ба таври васеъ таҷлил гардид. Ба ин муносибат корҳои таъмиру ободонии маҷмаа, ки дар ҳудуди қабристони Чокардиза воқеъ аст, оғоз шуда буданд.
Дар масоҳати умумии 10,2 гектар барои зиёраткунандагон масҷиди нав бунёд гардид. Мақбараҳои Имом Мотуридӣ ва Бурҳониддин Марғинонӣ пурра бозсозӣ шуданд. Дар таркиби маҷмаа барои омӯзиши амиқи мероси аллома маркази илмӣ, китобхона ва осорхона таъсис доданд.
Президентамон ба аҳамияти ин марказҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард:
— Мақсади мо аз таъсиси чунин марказҳои илмӣ омӯзиши амиқи мероси аҷдодони бузургамон ва ба ҷавонон расонидани он аст. Имрӯз мо ба ин илм бисёр ниёз дорем. Дар ин ҷо ҷавонон асарҳои бобои бузургворамон Мотуридиро, ки ҳазор сол пеш навишта шудаанд, меомӯзанд. Он зот ҳазор сол пеш ҳар як масъаларо бо дониши амиқ ва далелҳои дақиқ асоснок карда, мардумро аз ҷаҳолат огоҳ менамуданд. Омӯзиши ин асарҳо ва расонидани мазмуну моҳияти онҳо ба ҷавононамон беш аз пеш муҳимтар аст.
Дар даромадгоҳи зиёратгоҳ пештоқ, меҳмонхонаҳо ва таваққуфгоҳ бунёд карданд. Дар ҳудуди маҷмаа ниҳолҳои дарахту буттаҳои маҳаллӣ ва навъҳои хориҷии ба иқлими кишварамон мутобиқ шинонданд.
Хотираи алломаро гиромӣ дошта, Қуръон тиловат намуданд.
Роҳбари давлатамон таъкид кард, ки ҳар шахсе, ки ба маҷмаа меояд, бояд дар бораи мероси илмию маънавии Имом Мотуридӣ ва мақоми ӯ дар ҷаҳони ислом тасаввуроти равшан пайдо кунад.
— Обод кардани чунин маконҳои муқаддаси бузург дар худ маънавият, маърифат, таълим ва илмро таҷассум мекунад. Одамон бояд ба ин ҷо омада, на танҳо зиёрат кунанд, балки дониш омӯзанд ва ҳувияти худро дарк намоянд, — гуфт Президентамон. ӮзА
