Дар шаҳри Самарқанд ҷараёни васеи навсозии муҳити шаҳрӣ идома дорад. Дар қитъаҳои 500‑метрии кӯчаҳои Мустақиллик, Пушкин ва Мироншоҳ минтақаи замонавии сайёҳӣ бунёд мешавад, ки дар тартиби шабонарӯзӣ (24/7) ба сокинон ва меҳмонони шаҳр хидмат мерасонад.
Бозсозӣ аз кӯчаи Мустақиллик оғоз гардида, ҳоло дар ин ҷо корҳои кашидани қубурҳои канализатсия бо суръати баланд идома доранд. Ба гуфтаи лоиҳакаш Ҷасур Бердиқулов, арзиши лоиҳа беш аз 8 миллиард сӯмро ташкил дода, онро ҶММ «Sam Pro Project» амалӣ мекунад.
Яке аз тағйироти назаррас дар ҳудуди маҷмааи савдо, ки миёни мардум бо номи «Зебо» маъруф аст, ба амал меояд. Қаблан дар ин ҷо таваққуфгоҳ (стоянка)-и автомобилҳо ҷойгир буд, пас аз бозсозӣ афзалият ба пиёдагардон дода мешавад. Барои автомобилҳо ҳамагӣ 14 ҷои таваққуф пешбинӣ шудааст, ки асосан барои савор ва фаровардани мусофирон, инчунин меҳмонони меҳмонхона ва тарабхонаҳои наздик истифода хоҳанд шуд.
Худи кӯча низ симои нав мегирад. Барои рӯйпӯши роҳ истифодаи сафолҳои керамогранитӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаракати нақлиёт дутарафа буда, дар байни қаторҳои ҳаракат минтақаи сабз ва ҷойҳои истироҳатӣ ташкил карда мешаванд. Барои пиёдагардон низ шароити муносиб фароҳам меоранд. Қитъаҳои роҳравҳое, ки қаблан тарабхонаҳо бе асоси қонунӣ ишғол карда буданд, бояд озод ва ба пиёдагардон баргардонида шаванд.
Лоиҳа, инчунин васеъ намудани меҳмонхонаи «Платан»-ро пешбинӣ мекунад. Ҳоло масъалаи дар ин ҳудуд сохтани таваққуфгоҳи сеқабата мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамчунин, барқарорсозии намуди берунии биноҳои ин кӯча ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин қитъа зиёда аз 100 хонаи истиқоматӣ ва тақрибан ҳамин миқдор нуқтаҳои хидматрасонӣ ҷойгир шудаанд. Аз ин рӯ, тағйирот на танҳо ба инфрасохтори сайёҳӣ, балки ба ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони маҳалла ва фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ низ таъсир мерасонад.
Дар доираи лоиҳа таъсиси 91 ҷойи нави корӣ, роҳандозии фаъолияти 10 субъекти нави соҳибкорӣ ва васеъ намудани фаъолияти 5 субъекти соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст.
Минтақаи навсозишуда идомаи қисми сайругаштии кӯчаи Мустақиллик хоҳад шуд, ки аллакай миёни ҷавонони донишҷӯ маъруфияти зиёд дорад. Дар ин ҷо муҳити бароҳаттару замонавии сайругашт, истироҳат ва истифода аз хидматрасониҳои қаҳвахона ва тарабхонаҳо, инчунин дигар иншоот фароҳам оварда мешавад. Корҳои сохтмонӣ охири моҳи ноябр анҷом хоҳанд ёфт.
З.БОЛТАЕВА
