Сабзӣ аз бета-каротин бой аст, ки ҳангоми расидан ба ҷигар ба витамини А табдил меёбад. Витамини А ба чашм мерасад ва ба родопсин табдил меёбад, ки моддаи асосӣ ва зарурӣ барои биниш аст, инчунин ба шумо имкон медиҳад, ки шабона — дар торикӣ бубинед. Бета-каротин вобаста ба синну сол аз суст шудани биниш муҳофизат мекунад.
Аз саратон муҳофизат мекунад
Таҳқиқот нишон доданд, ки хӯрдани сабзӣ ба коҳиш додани хатари саратони шуш, сина ва рӯдаи ғафс мусоидат мекунад. Ин аз сабаби моддаҳои табиӣ бо номи фалкаринол ва фалкариндиол, ки дар сабзӣ мавҷуданд, ба амал меояд.
Пиршавиро суст мекунад
Бета-каротин ҳамчун антиоксиданти пурқувват амал ва ҳуҷайраҳои бадани инсонро аз бемориҳо муҳофизат мекунад. Пиршавии ҳуҷайраҳо низ суст мешавад.
Саломатии пӯстро беҳтар мекунад
Витамини А ва бета-каротин пӯстро аз осеби нури офтоб муҳофизат мекунад.
Антисептики пурқувват
Истеъмоли мунтазами сабзӣ аз гирифтор шудан ба сироятҳо пешгирӣ мекунад.
Организмро тоза мекунад
Витамини А миқдори сафро ва равғанро дар бадан кам ва онро аз токсинҳои зараровар тоза мекунад.
Дандон ва милкҳоро солим нигоҳ медорад
Сабзӣ ба тоза кардани дандонҳо, ба мисли хамираи дандон мусоидат мекунад. Онҳо, инчунин оби даҳони иловагӣ истеҳсол мекунанд, ки аз афзоиши бактерияҳо пешгирӣ хоҳад кард.
Пешгирии сактаи мағзи сар (инсулт)
Хӯрдани зиёда аз 6 сабзӣ дар як ҳафта хатари сактаи мағзи сарро кам мекунад. Ин хулосаи олимони Донишгоҳи Ҳарвард аст.
Хусусиятҳои муфиди сабзӣ
