Ovozi.uz

Дар Самарқанд ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

Дар чорабинӣ меҳнати кормандони соҳа, ки барои таъмини оромии мардум, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо содиқона хизмат мекунанд, қадрдонӣ гардид.
Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев табрикоти Президенти кишварамонро ба муносибати иди мазкур ба кормандони соҳа хонда дод.

Дар маросими тантанавӣ собиқадороне, ки солҳои зиёд дар ин соҳа хизмат кардаанд, бо эҳтирому арҷгузорӣ қадрдонӣ шуданд. Таъкид гардид, ки таҷрибаи ғании онҳо барои насли ҷавон мактаби ибрат аст.

Як гурӯҳ кормандоне, ки бо хизмати намунавии худ фарқ мекунанд, бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ бо иҷрои суруду оҳангҳое, ки васфи муҳаббат ба Ватан, сулҳу оромӣ ва осоиштагиро мекунанд, идома ёфт.