Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон бори аввал беш аз 5 миллион тонна пахта рӯёнида шуд

Соли 2026 дар Ӯзбекистон бори аввал беш аз 5 миллион тонна пахтаи хом истеҳсол шуда, натиҷаи таърихӣ ба даст омад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии кишвар хабар додааст.

Дар солҳои охир ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар аз 21 сентнер ба 56 сентнер расидааст. Соли ҷорӣ дар майдони қариб 400 ҳазор гектар ҳосилнокии миёнаи пахта 70 сентнерро ташкил дод. Тақрибан аз 70 ҳазор гектар бошад, аз ҳар гектар то 100–110 сентнер ҳосил гирифта шуд.

Бинобар маълумоти манбаъ, барои ба даст овардани чунин натиҷа ҳамкории илму-фан ва истеҳсолот, татбиқи бевоситаи дастовардҳои илмӣ ва тавсияҳои олимон дар саҳро нақши муҳим бозидааст. Инчунин, кишти навъҳои серҳосили ба шароити хокию иқлимии маҳаллӣ мутобиқ ва истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ густариш ёфтааст.

Технологияи кишт ва нигоҳубини пахта такмил дода шуда, усулҳои пешрафтаи агротехникӣ ҷорӣ гардидаанд. Дар натиҷаи истифодаи технологияҳои каммасрафи об, ҳаҷми оби истифодашаванда дар соҳаи пахтакорӣ нисбат ба солҳои 1990-ум ду баробар кам шудааст.

Дар мавсими имсола 85 фоизи ҳосили пахта дар зарфи 30–35 рӯз бо истифодаи беш аз 3 ҳазор мошини муосири пахтачинӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар вилоятҳои Ҷиззах ва Сирдарё сатҳи ҷамъоварии механиконидашудаи пахта ба 100 фоиз расидааст. Интизор меравад, ки имсол хоҷагиҳои фермерӣ аз парвариши пахта 13–14 триллион сӯм фоидаи соф ба даст оранд.

Мақсад гузошта шудааст, ки дар соли оянда ҳосилнокии миёнаи пахта аз ҳар гектар ба 65–70 сентнер расонида шавад. Барои ин истифодаи навъҳои серҳосил, агродронҳо, технологияҳои каммасрафи обу неруи барқ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба назар гирифта шудааст.