Ovozi.uz

Ӯзбекистон имрӯз бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

Имрӯз дастаи миллии футболи Ӯзбекистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа, дар бозии дӯстона бо дастаи миллии Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ҷассим бин Ҳамад» баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти Тошканд оғоз меёбад. Ин бозӣ барои дастаи мунтахаби мо дар доираи ҷамъомади байналмилалии моҳи ноябр дуюмин рақобат ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин бозӣ дастаи миллии Арабистони Саудӣ бар мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуда буд.

Дастаи Ӯзбекистон бошад, дар бозӣ бо дастаи Россия бартарии 2:0-ро нигоҳ дошта натавонист ва дар ниҳоят бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид.

Агар ба омори бозиҳои байни дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ назар андозем, рақобати имрӯза сездаҳумин вохӯрии онҳо хоҳад буд. Аз 12 бозии қаблӣ футболбозони мо дар чортоаш пирӯз шуда, дар ҳафт бозӣ футболбозони саудӣ ғолиб омадаанд. Як вохӯрии дигар бо натиҷаи дуранг анҷом ёфтааст. Таносуби голҳо низ ба нафъи рақибон буда, 27 бар 15-ро ташкил медиҳад.