Ҳамлагари бошгоҳи «Ал-Наср» Криштиану Роналду голи 980-уми худро дар фаъолияти касбӣ ба самар расонд. Ҳамлагари 41-солаи португалӣ дар бозии даври ҳаштуми Про-лигаи Арабистони Саудӣ муқобили «Ал-Дирия» ҳисобро кушод.
Роналду дар дақиқаи 23-юм, пас аз зарбаи аввал ва баргаштани тӯб, онро ба дарвозаи холӣ фиристода, дастаашро ба пеш баровард. Ин гол барои ситораи португалӣ боз як дастоварди муҳим дар роҳи расидан ба нишонаи таърихии 1000 гол дар фаъолияти касбӣ гардид.
Дар ин вохӯрӣ футболбозони «Ал-Наср» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Пас аз голи Роналду дар дақиқаи 35-ум Саму Кошта бартарии дастаи мизбонро зиёд кард. Дар дақиқаи 77-ум Кингсли Коман голи сеюмро ба самар расонда, натиҷаи ниҳоии бозиро муайян намуд.
Бо ин ғалаба «Ал-Наср» шумораи имтиёзҳои худро ба 19 расонда, дар ҷадвали чемпионати Арабистони Саудӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Ҳоло таваҷҷуҳи мухлисони футбол ба Роналду равона шудааст, ки ба марзи рамзии 1000 гол дар фаъолияти касбӣ наздик мешавад.
