Ovozi.uz

Либоси тӯёнаи бонувон: нафосати миллӣ аст ё исрофкорӣ?

На ҳамин либоси зебост нишони одамият!

Имрӯзҳо дар Самарқанд аксар оилаҳо ҳангоми омодагӣ ба тӯю маъракаҳо ва як рӯзи тӯй маблағҳои зиёд сарф мекунанд. Аз ҷумла, миёни занону духтарон барои тӯй аз матоъҳои гаронбаҳо дӯхтани либосҳои махсус ва ороишу лавозимоти иловагӣ харҷ кардани маблағи зиёдатӣ ба назар мерасанд.

Албатта, ҳар зан мехоҳад дар рӯзи тӯй зебову дилрабо ба назар расад. Аммо барои либосе, ки ҳамагӣ як рӯз пӯшида мешавад, миллионҳо маблағ сарф кардан то куҷо дуруст аст? Баъзан барои як тӯй чандин либос медӯзанд. Баъзеи онҳоро баъдан, ҳатто дар дигар маъракаҳо напӯшида, ба сандуқ мегузоранд.

Аз ҳама аламовар он аст, ки чунин одатҳо метавонанд баъзе оилаҳоро ба муаммои молиявӣ рӯ ба рӯ созанд. Хоҳиши аз дигарон қафо намондан ва дар назари мардум кам нанамудан инсонро ба хароҷоти зиёдатӣ водор мекунад. Дар натиҷа, тӯй ба ҷойи рӯзи шодиву хурсандӣ ба бори гарони молиявии оила табдил меёбад. Дар асл, шукуҳи тӯй на дар либоси гаронбаҳо, балки дар табассуми самимӣ, нияти нек ва дуои наздикон аст. Қадри инсонро на либоси ба баркардааш муайян мекунад ва на маблағе, ки сарф кардааст.

Либос танҳо зебоӣ нест…

Шаҳло ҲАМДАМОВА, дӯзанда

Маданияти либоспӯшии халқи мо дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, бо тарзи зиндагӣ, расму оин, шароити иқлимӣ ва ҷаҳонбинии эстетикии мардумамон робитаи ногусастанӣ дорад. Хусусан, либосҳои миллии занона завқи бадеӣ, тасаввуроти мардумро дар бораи зебоӣ ва эҳтироми онҳоро нисбат ба зан ба таври равшан инъикос мекунанд. Дар ҳар давру замон шакл, навъи матоъ, унсурҳои ороишӣ ва ҳамоҳангии рангҳои либос тағйир ёфтаанд, аммо моҳияти асосии онҳо — миллӣ будан, содагӣ ва нафосат бетағйир боқӣ мондаанд. Мо бояд урфу одат, либосҳои миллӣ ва анъанаҳои зебои Самарқанди худро ҳифз намоем. Аммо набояд онро бо дабдабаю исрофкорӣ омехта кунем. Ба ҷойи барои тӯйи якрӯза сарф кардани маблағе, ки бо заҳмати чандинсола ба даст омадааст, беҳтар аст онро ба таълиму тарбияи фарзандон, эҳтиёҷоти оила ва корҳои судманди оянда равона созем.

Нархҳои ҳайратангези либоси якрӯза

Озода РАҶАБОВА, сокини маҳаллаи Рустамқишлоқ

Либоспӯшии арӯсон ва занони самарқандӣ, ки ба тӯйҳо меоянд, бо зебоӣ ва миллӣ будани худ фарқ мекунад. Либосҳои анъанавие, ки аз матоъҳои помбарх, бахмал ва зарбоф дӯхта шуда, бо нақшу нигори дастӣ оро дода мешаванд, ба ҳар бинанда ҳаловат мебахшанд. Аммо муаммо на дар зебоии либос, балки дар рақобати беасосе мебошад, ки дар атрофи он ба вуҷуд омадааст. Баъзеҳо барои як либос аз 500 то 1 ҳазор доллар сарф мекунанд, ки ин нархҳо одамро ба ҳайрат мегузоранд. Имрӯз дар тӯйҳои Самарқанд рақобати либоспӯшии бонувон чанд марҳиларо дар бар мегирад. Масалан, либосҳои «келинсалом» ва маросимҳои пеш аз тӯй. Хароҷоти ҳар либосе, ки арӯс дар рӯзи тӯй ва рӯзҳои баъд аз он ба бар мекунад — хоҳ бо дизайну рангҳои гуногуни миллӣ бошад, хоҳ аврупоӣ, хароҷоти бисёр дорад. Аксари онҳо ҳамагӣ як маротиба пӯшида мешаванд. Миёни хешу табор, қудоҳо ва дугонаҳое, ки ба тӯй даъват мешаванд, низ як навъ рақобат шакл гирифтааст. Саволҳое чун «Фалонӣ чӣ гуна либос мепӯшида бошад?» ё «Бо либосе, ки як бор пӯшидаам, дигар ба тӯй рафта наметавонам» ба як андешаи маъмул табдил ёфтаанд. Ин ҳолат занонро водор мекунанд, ки барои ҳар тӯй ҳазорҳо доллар сарф намуда, либоси гаронбаҳои дигар дӯзанд ё ба иҷора гиранд.

Чӣ гуна метавон ба сарфакорӣ баргашт?

Зулфия ОБЛОБЕРДИЕВА, бибихалифа

Дар оятҳои Қуръони карим ҳам дар бораи исрофкорӣ огоҳиҳои қатъӣ омадааст. Ба ҷойи дабдабаи чандсоата ва «либосбозӣ»-е, ки танҳо барои ба худ ҷалб кардани назари дигарон анҷом дода мешавад, беҳтар буд, ки ин маблағ барои таълими ҷавонон, беҳтар кардани шароити манзил ё оғози фаъолияти соҳибкорӣ сарф гардад. Чунин ташаббус метавонад пояи оиларо боз ҳам устувор созад. Бо нигоҳ доштани нафосат ва ҳунари волои либосҳои миллии занони Самарқанд, барои пешгирӣ аз исрофи маблағ бояд чорабиниҳо амалӣ намуд. Масалан, интихоби либосҳое, ки чандин бор истифода бурда мешаванд. Беҳтар аст, фасонҳои мумтоз (классикӣ) ва миллиеро интихоб намоем, ки на танҳо барои як маросим, балки дар ҷашну чорабиниҳои гуногун бо тағйир додани лавозимоти ороишӣ низ пӯшидан мумкин бошад. Илова бар ин, аз байн бурдани фишори равонӣ ҳам муҳим аст. Аз андешаи «Одамон чӣ мегӯянд?» даст кашида, кӯшиш кунем, ки дар ҷомеа на бо нархи либос, балки бо зебоии маънавӣ, дониш ва одоб соҳиби мақому эҳтиром шавем.

Ба ҷои хулоса

Зебоӣ на дар гаронбаҳо будани либос ва на дар он аст, ки он барои ҳар тӯй нав карда шавад. Латофати ҳақиқӣ дар риояи меъёр, сарфакорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ намоён мегардад. Тӯю маъракаҳои мо бояд на майдони исрофкорӣ ва дабдаба, балки макони баракату шодмонии самимӣ бошанд. Биёед, бо ҳамдигар на бо либосҳои гаронбаҳо, балки бо инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ва хислатҳои некамон рақобат кунем.

Муҳаббат ХУДОЙБЕРДИЕВА