Дар Самарқанд анҷумани ташкилоти шаҳрии Ҳаракати соҳибкорон ва аҳли тиҷорат — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (ҲЛДӮз) баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои шаҳрии ҳизб дар солҳои 2024–2026, муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок барои давраи минбаъда ва интихоб намудани вакилон ба конференсияи ташкилоти ҳизбии вилоятӣ буд.
Дар ҷараёни анҷуман гурӯҳҳои кории чорабинӣ — президиум, котибот ва комиссияи мандатӣ ташкил карда шуданд. Пас аз тасдиқи рӯзнома ва регламент иштирокдорон ба баррасии масъалаҳои асосӣ шуруъ карданд.
Бо маърузаи асосӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти шаҳрии ҳизб раиси Шӯрои шаҳрии ҲЛДӮз Баҳодур Раҳмонов баромад намуда, дар бораи натиҷаҳои кори ҳизб, иштироки корпуси депутатӣ дар ҳалли муаммоҳои аҳолӣ, рушди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ муфассал сухан гуфт.
— Масъулияти асосии ҳизб ва намояндагони он хидмат ба манфиатҳои мардум аст, — таъкид кард Б. Раҳмонов. — Намояндагон бояд на танҳо намояндагони як нерӯи муайяни сиёсӣ, балки ҳимоятгарони манфиатҳои сокинони ҳавзаҳои интихоботии худ, иштирокдорони фаъоли ислоҳот ва пайванди байни аҳолӣ ва мақомоти ҳокимият бошанд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба татбиқи барномаи умумимиллии «Халқ билан бирга» («Ҳамроҳи халқ») таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар доираи он намояндагони ҳизб, фаъолон, соҳибкорон ва намояндагони ташкилотҳои шарик дар маҳаллаҳо ва хонаводаҳо кори мунтазам ба роҳ монданд. Масъалаҳои шуғл, вазъи иҷтимоии оилаҳо, имкониятҳои рушди соҳибкорӣ, инчунин ниёзҳои шаҳрвандон ба ёрии тиббӣ ва иҷтимоӣ омӯхта шуданд.
Қабулҳои сайёр воситаи муҳими ҳамкорӣ гардиданд. Дар ин ҷараён муроҷиатҳои сокинон на танҳо сабт, балки бо иштироки ташкилотҳои масъул баррасӣ шуда, барои ҳалли амалии онҳо чораҳо андешида мешуданд.
Самти муҳими фаъолияти ташкилоти шаҳрии ҳизб дастгирии мақсадноки қишрҳои осебпазири иҷтимоии аҳолӣ буд. Дар доираи лоиҳаҳои «Юракка йўл», «Бир оила — бир ҳомий», «Кексаларга меҳр», «Тадбиркорлардан болажонларга», «Бир жамоада» ва «Саломатлик сари» ба оилаҳои ниёзманд, занон, ҷавонон, пиронсолон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманди ҳимояи иҷтимоӣ кумак расонида шуд.
Натиҷаҳои ду ташаббус махсусан назаррасанд: дар доираи аксияи «Юракка йўл» 5 ҳазор хонавода ташриф оварда шуда, тибқи лоиҳаи «Бир оила — бир ҳомий» 220 оила таҳти сарпарастӣ қарор гирифтанд. Раиси Шӯрои шаҳрӣ саҳми соҳибкорони самарқандиро, ки дар ташаббусҳои хайриявӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд фаъолона иштирок мекунанд, махсус қайд намуд.
Дар анҷуман таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилӣ Шӯрои шаҳрӣ нақшаҳои семоҳа ва барномаҳои солонаи фаъолиятро таҳия ва тасдиқ кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ 10 сессияи Шӯрои шаҳрӣ ва 8 сессияи кумитаи иҷроия баргузор гардид. Ҳамчунин, барои ташаккули захираи кадрӣ, такмили сохтори дохилии ташкилӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии кадрҳои ҳизбӣ корҳо анҷом дода шуданд.
Дар ин давра Шӯрои шаҳрӣ тақрибан 110 чорабинии гуногун баргузор намуд, ки дар онҳо ҳудуди 15 ҳазор нафар иштирок карданд. Чорабиниҳо масъалаҳои соҳибкорӣ, либерализатсияи иқтисодиёт, амиқтар намудани ислоҳоти бозорӣ, маърифати сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, варзиш ва корҳои маънавию маърифатиро фаро гирифтанд.
Ба баланд бардоштани фаъолнокии сиёсии занон, мустаҳкам намудани институти оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавон низ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд.
Б. Раҳмонов дар анҷоми суханронии худ вазифаҳоеро муайян намуд, ки ташкилоти шаҳрии ҳизб бояд дар оянда иҷро кунад. Аз ҷумла, густариши минбаъдаи сафи ҳизб, таҳкими ташкилотҳои ибтидоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии вакилон, рушди соҳибкорӣ ва ҳаракати фермерӣ, тақвияти кор бо ҷавонон ва занон аз самтҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳамчунин, аҳамияти саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон, иҷрои ваъдаҳои пешазинтихоботӣ, такмили назорати депутатӣ, васеъ намудани ҳузури ҳизб дар воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳамкорӣ бо интихобкунандагон таъкид гардид.
Замира БОЛТАЕВА
