Ovozi.uz

Дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё доварро бо гумони мастӣ дар вақти танаффус иваз карданд

Намояндагони бошгоҳи эронӣ изҳор доштаанд, ки дар сурати иваз нашудани довари асосӣ, дар қисми дуюми бозӣ ба майдон намебароянд.

Дар бозии даври панҷуми мусобиқаи дуюми Лигаи қаҳрамонҳои КФО миёни дастаҳои «Ал-Ҷазира»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Гол Гоҳар»-и Эрон ҳодисаи ғайриодатӣ рӯй дод.

Довари суриягӣ Ханна Ҳаттаб, ки дар бози ҳакамӣ мекард, дар дақиқаи 32-юм барои қоидавайронкунӣ дар маркази майдон ба дарвозабони «Ал-Ҷазира» Эрсин Дестаноғлу, ки ба ин ҳолат ҳеҷ рабте надошт, корти зард нишон дод.

Ин қарор боиси эътирози футболбозони ҳар ду даста гардид ва бозӣ тақрибан чор дақиқа қатъ шуд. Ҳаттаб пас аз машварат бо довари чорум қарори худро бекор кард.

Дар вақти танаффус намояндагони «Гол Гоҳар» аз эҳтимоли маст будани довар ба КФО шикоят карданд.

Ба гуфтаи менеҷери бошгоҳи эронӣ Ҳайдар Афсарӣ, рафтори довар дар байни футболбозони «Ал-Ҷазира» низ шубҳа ба вуҷуд овардааст. Намояндагони дастаи Эрон таъкид карданд, ки агар довар иваз карда нашавад, дар қисми дуюми бозӣ иштирок намекунанд.

Пас аз ин ҷои Ҳаттабро довари чорум — ҳамватани ӯ Аммар Абу Алу иваз кард.

То ҳол КФО сабаби иваз шудани доварро расман шарҳ надодааст. Ҳамчунин, гумони истеъмоли машрубот аз ҷониби ӯ тасдиқ нашудааст.

Бояд гуфт, ки вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Ал-Ҷазира» анҷом ёфт. Голи ягонаи бозиро Андерсон Талиска ба самар расонд.