Ovozi.uz

Дар хонаи кории нозирони профилактикии маҳаллаҳо тугмаҳои махсуси алоқа насб карда мешаванд

Аз 1-уми феврали соли 2027 шаҳрвандон имконият пайдо мекунанд, ки дар ҳар вақти шабонарӯз тавассути тугмаҳои махсуси алоқа бо нозирони профилактикӣ тамос гиранд.

Ин ба таъмини робитаи фаврӣ ва мустақими аҳолӣ бо нозирони профилактикӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ ва бехавфии маҳаллаҳо хизмат мекунад.

Бо қарори Девони Вазирон аз 25-уми ноябри соли 2026 таҳти рақами 639 чораҳои ташкили фаъолияти нозирони профилактикии маҳалла ва наздик кардани онҳо ба аҳолӣ муайян карда шуд.

Мувофиқи он, дар назди даромадгоҳи утоқҳои хизматии нозирони маҳаллаҳо тугмаҳои махсуси алоқа насб карда мешаванд. Тавассути ин тугмаҳо шаҳрвандон метавонанд дар ҳар вақти шабонарӯз бо нозири профилактикӣ фавран ва мустақиман тамос гирифта, хабар ё муроҷиати худро баён кунанд.

Мутобиқи тартиби нав, нозирони профилактикӣ муроҷиатҳои шаҳрвандонро тавассути низоми иттилоотии «E-material» баррасӣ намуда, аз онҳо метавонанд ба таври овозӣ баёнот гиранд. Ҳамчунин, имкони ба таври электронӣ таҳия ва тасдиқ намудани қарорҳои қабулшуда фароҳам оварда мешавад.

Баробари ин, тартиби амалкунандаи муроҷиат ба мақомоти корҳои дохилӣ тавассути рақамҳои кӯтоҳи телефонӣ ва хизмати ягонаи диспетчерии «112» бетағйир боқӣ мемонад.