Дар шаҳри Самарқанд таҳти ин шиор намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти омодакардаи шахсони дорои маъюбият баргузор гардид.
Дар ярмарка ҳунарҳои дастӣ, маҳсулоти нозуки дастсохт ва корҳои эҷодие, ки аз ҷониби шахсони дорои маъюбият дар шароити хона омода шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Харидорон ва соҳибкорон ба ин маҳсулот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо харидани онҳо ҳунармандонро дастгирӣ карданд.
Мақсади асосии ярмарка тарғиби васеи меҳнату истеъдоди шахсони дорои маъюбият, фароҳам овардани имконияти бештари фурӯши маҳсулоти онҳо ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии ин қишри ҷомеа мебошад. Зеро вақте барои инсон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, меҳнату истеъдоди ӯ низ қадр гардида, эътироф меёбад.
