Ovozi.uz

САЙРЕ БА ТАЪРИХИ СОЛИ НАВ

Ovozi.uz

Мо Соли навро бо тайёрии пухта, дар сари дастархони пур аз нозу неъмат истиқбол менамоем. Дар хонадонҳо арчаро оро медиҳем. Соли нав яке аз қадимтарин идҳое аст, ки инсоният онро мувофиқи маълумоти бостоншиносон 5 ҳазор сол ин ҷониб ҷашн мегирад.
Вақти кофтуковҳои аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон кӯзаеро ёфтаанд, ки дар он навиштаҷоти «Ибтидои соли нав» сабт шудааст. Дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, ҳамсар ва писарашро дар киштие гузошта, бо онҳо як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Тамоми моҳ одамон дар киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.
Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби Соли нав базм меоростанд. Солҳои зиёд римиён Соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд. Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуду рӯзи таҷлили Соли нав санаи якуми моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дигараш ба Соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро ва ба ҳамдигар тӯҳфаҳо медоданд; ғуломон бо хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо медоданд. Нахуст ин ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон тӯҳфа талаб мекарданд.
Калигула (императори Рим) рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қаср мебаромад ва аз раият тӯҳфаҳо мегирифт.
Дар Бобулистони қадим Соли навро фасли баҳор ҷашн мегирифтанд. Дар вақти ҷашн Шоҳ чор-шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки Шоҳ набуд, мардум метавонистанд бо кори дилхоҳ машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бармегаштанд. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.
Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав рӯҳу арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуд. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон тӯҳфаҳо, одатан тиллову ҷавоҳирот мегирифтанд. Пас аз чандин аср Малика Елизаветаи I маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.
Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна — дар оғози моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Бо қарори парлумон аз соли 1752, рӯзи ҷашнгирӣ ба 1‑уми январ гузаронида шуд.
Дар Россия ҳам Соли навро 1‑уми март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеи Москва қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1‑уми сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётри I баъди аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсус худ солшумориро аз 1‑уми январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид эълон кард.
Мардумони Осиёи Марказӣ низ чанд аср боз шаби 31‑уми декабр Соли навро пешвоз мегиранд.


Таҳияи ПУРАСРОР.