Ovozi.uz

Самарқанд: нақшаҳо барои соли 2024

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии ҳудудӣ 87,8 триллион сӯм шуда, нисбат ба соли 2023 ба 105,3 фоиз зиёд кардан дар назар аст.
Даромадҳои буҷет 5904,3 триллион сӯм пешбинӣ мешавад.
228‑то бинои бисёрқабата, ки ҳамагӣ 11352 хонадон доранд, қад рост мекунад.
Барои нақлиёти ҷамоатӣ ҳамагӣ 100‑то электробус ва 20‑то автобус харид карда мешавад.
Дар вилоят 23‑то меҳмонхона, 15‑то хостел ва 40‑то хонаҳои меҳмони оилавӣ ташкил хоҳад шуд. Инчунин, 10‑то автобуси сайёҳӣ ва 15‑то микроавтобус меоранд.
Дар вилоят ба 30 ҳазор нафар аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва зан-духтарон касбу ҳунар ва соҳибкорӣ омӯхта мешавад. Инчунин, дар доираи барномаи ривоҷдиҳии соҳибкории оилавӣ ба аҳолӣ барои шуғл бо соҳибкорӣ 1185 миллиард сӯмина кредит дода мешавад.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани 1875‑то лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 2,8 миллиард долларина ташкил намудани 28400‑то ҷойи корӣ дар назар аст.
Дар доираи 46‑то лоиҳа ҷалби бевоситаи 775 миллион доллар сармоя ва кредитҳо дар назар буда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 ба 138 фоиз зиёд хоҳад буд.
Ба 734 миллион доллар расонидани ҳаҷми экспорти вилоят дар назар аст.
Дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 39,2 триллион сӯм афзуда, нисбат ба соли 2023 ба 105,7 фоиз хоҳад афзуд.
Аз тарафи субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» 10 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 250 миллиард сӯмина амалӣ гардида, 1100‑то ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳад шуд.
Дар соли 2024 дар минтақаҳои хурди саноатӣ роҳандозии 35‑то лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 102,8 миллиард сӯмина ва ташкили 571‑то ҷойҳои нави корӣ дар назар аст.
Дар доираи «Барномаи шуғли ҷавонон» 33272 нафар ҷавонон ба ҷойҳои доимии корӣ таъмин гардида, касбу ҳунар ва соҳибкорӣ омӯхта мешаванд.
Бо мақсади кашфи ҷавонони боистеъдод ва дастгирии онҳо беш аз 700 ҳазор ҷавонон ба платформаи «Фарзандҳои ибрат»-и YouTube, иловаи мобилии «Ibrat Akademy», лоиҳаҳои «Uz Chess», волонтёрӣ ва лидерӣ, инчунин бозиҳои интерактивӣ васеъ ҷалб карда мешаванд.