Ovozi.uz

Эҳтирому эътирофи устоду шогирд

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеонаворе паҳн шуд, ки шогирде ба устодаш хона тӯҳфа кардааст. Ин ба муҳокимаи омма сабаб шуд. Амали неки шогирди босадоқатро ҳама дастгирӣ карданд. Дарҳақиқат, ӯ бо ин амали худ чӣ қадар баланд будани қадри омӯзгорро нишон дод ва барои насли оянда намунаи ибрат шуд.
Имрӯз дар мактаби таълими умумии рақами 1-и шаҳри Самарқанд ба ин муносибат тадбир баргузор гардид. Дар он раиси Ҳизби демократии халқии вилоят Бадриддин Насриевич, хатмкунандаи мактаби номбурда Шералӣ Саидов, муаллимону хонандагони мактаб ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Тадбир бо суханони муқаддимавии Бадриддин Насриевич оғоз ёфт. Нотиқ таъкид кард, ки дар мамлакатамон ба таълиму тарбия ва эъзози омӯзгор эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Зеро, ғишти аввали сабақомӯзии соҳибони ҳамаи касбу корро муаллим мегузорад. Ҳар сабақи омўзгор хишти зарринест, ки кохи ҳастии моро болотару мӯҳташамтар месозад. Бинобар ин, муаллимро чӣ қадар эҳтиром намуда, барояш хизмат намоем кам асту кам. Шералӣ Саидов инро дар амал исбот кард.

  • Солҳои зиёд дар соҳаи таълим фаъолият мебараму ба фарзандони мардум аз фанни забон ва адабиёт дарс медиҳам, — гуфт Умеда Мӯъминова. – Муаллим ҳеҷ вақт аз шогирдаш чизеро интизор намешавад. Соҳиби дониш шудану дар зиндагӣ ҷойи муносиби худро ёфтани шогирд, барояш тӯҳфаи беҳтарин аст. Ҳар гоҳ, ки муваффақияти шогирдонамро мешунавам, ниҳоят хурсанд мешавам. Шералӣ ҳам аз ҷумлаи шогирдонам аст, ки дар зиндагӣ роҳу равияи хоси худро кашф карда тавонистааст. Ин қадрномоии ӯро чун эҳтиром ба тамоми устодон мешуморам.
    Дар рафти тадбир ба Шералӣ Саидов ташаккурномаи ҲДХ-и вилоят ва тӯҳфаҳои хотирмони муаллима супорида шуд.
  • Имрӯз дар мамлакати мо барои оғози фаъолияти тадбиркорӣ имконияту шароитҳои мусоид офарида шудааст, — гуфт Шералӣ Саидов. Аз ин рӯ, ман ҳам пас аз хатми мактаб соли 2003 фаъолияти тадбиркориро ба роҳ мондам. Бо гузашти сол таҷрибаам зиёд шуда ширкати сохтани хонаву ҷойҳои истиқоматии “Diamond city”-ро таъсис додам. Барои ба муваффақият расидану соҳиби илму дониш шудани ҳар як фард баробари падару модар хизмату хуни дил хӯрдани устодон ҳам калон аст. Худ ба худ фикр кардам, ҳоло имконият дорам, ки меҳнатҳои устодамро қадрнамоӣ кунам. Бинобарин, аз рӯи имкон ба устодам тӯҳфа кардам. Албатта ин тӯҳфаи ноарзанда аст. Мо ҳамеша назди устодонамон сари таъзим фуруд меорем.
    Баромади мусиқии хонандагони мактаб ба тадбир шукӯҳи хосса бахшид.