Дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Булунғур сохтмони мавзеи «Ӯзбекистони Нав» босуръат давом дорад.
Мавзе дар ҳудуди маҷмааи маҳаллаи «Олмазор», воқеъ дар доманаи кӯҳҳои Гобдинский сохта мешавад. Ҳар як хонаи панҷошёна барои 20 оила пешбинӣ шудааст.
-Мо соли гузашта ба кор шурӯъ карда будем, — гуфт корманди ҶММ “Мансур сифат қурувчи” Азамат Облоқулов. — Мо дар арафаи соли нав сохтмони хонаи панҷошёнаи замонавиро барои 20 оила анҷом додем. Ҳоло корҳои шинондани дару тиреза ҳо ба охир расонда мешавад.
Ин хонаҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз ба соҳибонашон супурда мешаванд. Барои бинокорон тамоми шароитҳои корӣ ва истироҳатӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо хобгох, ошхона, хонаҳои истироҳат мавҷуд буда, онҳо бо сару либоси махсус низ таъминанд.
Р.ҲОТАМОВ,
ноҳияи Булунғур.
